ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ МАЙ БАРГУЗОР ГАРДИД

21-05-2024
21-уми майи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, муовинони ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад.
Аз рӯйи масъалаи якум ҳисоботи сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат Фаррух Худойдодзода “Оид ба вазъи фаъолияти раёсат ва шуъбаҳои муносибатҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ” шунида шуд. Гуфта шуд, ки дар баробари дастоварду пешравиҳои самти мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳоло ҳам мушкилиҳо ба назар мерасанд ва масъулинро зарур аст, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораандешӣ намоянд.
Сипас, ҳисоботи президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шодӣ Сафаров “Оид ба омӯзишу таҳқиқи вазъи ташкили хадамоти психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” шунида шуд.
Дар охир, раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон