ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ СЕНТЯБР

22-09-2023
22 сентябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода зикр намуд, ки татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад. Мо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки барои дар сатҳи хуб татбиқ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва назорати амалишавии он ба таври зарурӣ фаъолият намуда, тамоми иқтидори худро сарф намоем.
Сипас ҳисоботи сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Д. Шерзод оид ба вазъи иҷрои “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2022, №205 тасдиқ шудааст, шунида шуд.
Дар охир, раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, инчунин, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорию китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти таъмини хонандагон ба ғизои мактабӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон