ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ БО ДИРЕКТОРОН ВА КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

01-02-2023
1 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии онлайнии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат бо директорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа директорони 84 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, муовинони директорон, деканҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм масъалаҳои фаъолияти комиссияи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, вазъи кушодани кафедраҳои методикаи таълими фанҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти омӯзгорӣ ва кушодани кафедраҳои тахассусӣ дар корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ барои самтҳои техникию технологӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳо, омода намудани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй, риояи талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва мутобиқ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба онҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ҷоннок намудани корҳои идеологӣ ва баланд бардоштани ҳисси вандӯстии ҷавонон ва дар ин замина пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои эксремистию террористиро таҳлилу баррасӣ намуд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа иштирокдорон табодули афкор намуда, иброз доштанд, ки баргузории ҷаласаҳои онлайнӣ метавонад дар беҳтар намудани фаъолияти соҳа саҳмгузор бошад.
Дар охир Раҳим Саидзода ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои дастгирии соҳаи маориф таъкидҳо менамояд. Ин моро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳамзамон омода намудани мутахассисон, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба он муаззаф мебошанд, тамоми нерӯи худро равона созем.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон