ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ БО РЕКТОРОН ВА КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

31-01-2023
31-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии онлайнии Раҳим Саидзода –  вазири маориф ва илм, Абдулхолиқзода Лутфия – муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат бо ректорон ва кормандони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ректорони 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муовинони ректорон, деканҳо ва мудирони кафедраҳо иширок намуда, аз ҷониби вазири маориф ва илм масъалаҳои пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои корупсионӣ байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муқовимат бо тераризм ва экстримизм ва чораҳои пешгирӣ аз онҳо дар байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва арзишҳои миллӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмин намудани иҷрои нақшаи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаҳое, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ ва техникӣ мутахассис омода мекунанд, омода кардани омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз байн бурдани норасоии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шӯроҳои диссертатсионӣ ва ҷалби грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, табодули донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа иштирокдорон табодули афкор намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Дар охир Раҳим Саидзода ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки мо ба иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бовар дорем ва дар якҷоягӣ метавонем барои рафъи мушкилиҳои дар соҳа ҷайдошта чораҳои зарурӣ андешем.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон