ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

27-03-2023
27-уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои бӯҷетӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассиҳои зертобеи вазорат ба таври ҳузурӣ ва сардорони сарраёсат, раёсат, мудирони шуъбаҳои маориф, раисони иттифоқҳои касабаи раёсату шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ ва муҳосибони муассисаҳои таълимии тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм зимни баромади худ иброз намуд, ки мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар боиси нигаронии аҳли ҷомеа гашта, мубориза бар зидди ин амал натанҳо аз мақомоти дахлдори давлатӣ, балки аз тамоми қишрҳои ҷомеа вобастагӣ дорад. Мутаассифона, солҳои охир мо мушоҳида мекунем, ки дар соҳаи маориф ва илм аксари амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби роҳбарони муассисаҳо ва сармуҳосибону муҳосибон содир мегардад. Аз ин рӯ, дар ин ҷаласа роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва сармуҳосибон даъват шудаанд, то ки аз муҳтавои асосии муқовимат бо коррупсия огоҳ шаванд.
Раҳим Саидзода афзуд, ки маҳз пешгирии амалҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба хатоҳои молиявӣ, истифодаи самараноки маблағҳои бӯҷетӣ, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидани маблағҳои дар бӯҷет пешбинишуда ва ҳамкории густурда бо мақомотҳои марбута боиси баланд бардоштани сифати таълим ва хубтару беҳтар шудани фаъолияти соҳа мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф ва илм амалӣ менамояд, ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва решакан намудани он чораҳои дахлдор андешида, барои аз байн бурдани ин амали нангин ҳамеша кӯшиш менамояд.
Сипас, сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ дар рафти баромади худ қайд намуд, ки барои мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ва аз байн бурдани он бояд миёни ҷомеа, махсусан, кормандони соҳаи маориф ва илм корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд карда шавад. Баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии намояндагони соҳа онҳоро водор месозад, ки аз ҳуқуқҳои худ ҳифз кунанд ва ба амалҳои нангини коррупсионӣ даст назананд.
Дар идома миёни иштирокчиёни ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати пардохти маблағи дафтарчаи санитарии омӯзгорон, ташкили семинарҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани дониши ҳуқуқии муҳосибони муассисаҳои таълимӣ ва чанде дигар ироа гардид.
Дар охир вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷиҳати ташкили семинарҳои омӯзишии онлайнӣ ба таври муттасил бо мақсади баланд бардоштани саводи ҳуқуқии муҳосибон, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар боби пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва беҳтар намудани фаъолияти молиявии муассисаҳои таълимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон