ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ КОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОНИ КАСБӢ

29-05-2024
Таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони касбӣ Раҳим Саидзода дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм ҷаласаи онлайнӣ доир гардид, ки дар он сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорон ва мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва директорони муассисаҳои таълимӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки мақсад аз ташкилу баргузории ҷаласаи имрӯза пеш аз ҳама амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон санаи 25 майи соли 2024 дар ноҳияи Данғара ва пешгирию бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки зимни вохӯрии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон вобаста ба як қатор мушкилоти соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла оид ба фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, таъсиси муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон, дар ҳолати садамавӣ ва таъмирталаб қарор доштани муассисаҳои таълимӣ, дар 3 баст фаъолият доштани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, норасоии воқеии омӯзгорон, саривақт ва бо сару либоси тавсиявӣ ҳозиршавии хонандагону омӯзгорон суҳбат намуда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа рафти омодагӣ, ҷараёни аттсестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фарогирии хонандагон ба истироҳатгоҳҳо ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар рафти мубодилаи афкор аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Қайд гардид, ки тибқи нархномаи муқарраргардида маблағи аттестати хатм дар бораи таҳсилоти асосӣ (синфи 9) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) дар соли 2024 дар ҳаҷми 8 сомонию 63 дирам пешбинӣ гардидааст. Моро лозим аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ба падару модар ва роҳбарони синфҳо дуруст ба роҳ монда, аз ҳолатҳои даст ба коррупсия задан пешгирӣ кунем.
Дар охир, таъкид гардид, ки мо бояд дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешем.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон