ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ОБТАЪМИНКУНӢ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА (WASH) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

07-12-2023
7 декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи платформаи ҳамоҳангсозӣ оид ба обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена (WASH) дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилшод Сафарзода, сардори барномаи (WASH) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Аммар Оракзай, намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо Дилшод Сафарзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, ҳамзамон қайд намуд, ки платформаи ҳамоҳангсозӣ барои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар байни шарикони давлатӣ, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, дигар намояндагони муҳити манфиатдор, ҳамаи онҳое, ки дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена дар муассисаҳои таълимӣ, бахусус, дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз моҳи сентябри соли 2021 таъсис дода шуда, фаъолият менамояд.
Сипас, Руслан Зиганшин - мутахассиси барномаи (WASH)-и Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) оид ба фаъолият ва дастовардҳои платформаи ҳамоҳангсозӣ оид ба обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена (WASH) дар муассисаҳои таълимӣ дар соли 2023 суханронӣ намуда, зикр кард, ки платформаи мазкур дар якҷоягӣ ва табодули таҷриба миёни шарикони давлатӣ, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, дигар намояндагони муҳити манфиатдор метавонад ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Дар охир муовини вазири маориф ва илм ба ҳамаи иштирокчиён барои нигоҳ доштани ҳамкории зич бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносии милливу ватандӯсти комёбиҳо таманно намуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон