ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

01-06-2024
1 июни соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода, раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иштирок доштанд. Дар ҷаласа ҳамчунин муовинони раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, сардорон ва кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва дигар шахсони масъул ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат доштанд.
Нахуст Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои минтақаи Рашт оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин “Оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияҳои минтақаи Рашт” шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, гирифтани пеши роҳи ҳизбу ҳаракатҳои бегона, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани имтиҳонҳои хатм, иҷрои барномаҳои давлатӣ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, бозомӯзии мураббиён, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, бақайдгирии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази милии тестӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаро гирифтани омӯзгорони дорои ихтисосҳои ғайрипедагогӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ва “Тоҷикистон – Ватани азизам” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, ба таҳсили ҳатмӣ фаро гирифтани хонандагони синфҳои 10 ва 11, риояи  талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", "Дар бораи масъулияти тарбияи кӯдак" равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда раиси ноҳияи Рашт Зарина Иматзода суханронӣ намуда, баргузории чунин ҷаласаро амри зарурӣ маънидод кард. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо маорифи кишвар зина ба зина рушд ёфта истодааст. Аҳли маорифи кишвар, махсусан аҳли маорифи ноҳияҳои минтақаи Раштро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо ба таълиму тарбия диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ҷаласа 10 нафар омӯзгорону фаъолони соҳа ба унвони "Аълочии маорифи Тоҷикистон" ва 10 нафари дигар ба Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт мизу курсӣ барои 100 ҷойи нишаст, 2 адад тахтаи электронӣ ва 4 кабинети фаннӣ туҳфа карда шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон