ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БАРГУЗОР ГАРДИД

12-05-2023
12 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ” таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Наврӯз Мирзозода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназар Абдулназарзода иштирок доштанд. Дар ҷаласа ҳамчунин сардорон ва кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои ВМКБ ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Нахуст Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин “Оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Хоруғ”, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Вайсиддин Исмоилов “Оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Рӯшон”, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Давлаталӣ Мусамирзода “Оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Роштқалъа”, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Амиршоҳ Яқубзода “Оид ба вазъи маорифи ноҳияи Мурғоб”, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илм Маҳмадсалим Қурбонзода “Оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Ишкошим”, матахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки вазорати маориф ва илм Фирӯза Абдуллозода “Оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Шуғнон” ва муовини сардори раёсати ташхис ва тақризи Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Давлатназар Имомназаров “Оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Ванҷ” шунида шуд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба пешниҳоди омори дақиқ аз ҷониби шуъбаҳои маориф, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “”Тоҷикон” – ойинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизам” ва дастгирии омӯзгорони онҳо равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва рушди тафаккури техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ВМКБ ба маблағи 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ 25 номгӯй таҷҳизотҳои лабороторӣ барои кабинетҳои физика, химия ва технологияи информатсионӣ туҳфа карда мешавад.
Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ бо мизу курсӣ барои 400 ҷойи нишаст ва 10 тахтаи синф таъмин карда мешаванд.
Раҳим Саидзода ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати қадрдонии омӯзгорони пешқадаму собиқадор номзадии 10 нафарро барои дарёфти унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва номзадии 20 нафари дигарро барои дарёфти “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ҷаласа аъзои ҳайати мушовара бо дастовардҳои хонандагони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ” шинос гардида, баъд аз ҷаласа бо омӯзгорони ВМКБ суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон