ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАҲРИ ЗАНЗИБАРИ ТАНЗАНИЯ БА АНҶОМ РАСИД

06-12-2023
6 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Занзибари Танзания ҷаласаи Шӯрои директорони Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф идома ёфт, ки дар кори он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуд.
Дар рӯзи дуюми ҷаласа мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла, таҳлили ҳисоботҳои пешниҳодгардидаи ҷаласа, арзёбии таъсири вируси COVID-19 ба башарият ва натиҷаи он дар рафти таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба масъалаҳои ироашуда байни иштирокчиёни ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар идома, масъалаи интихоби Президенти Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф ба миён гузошта шуд. Сипас, бо дастгирии ҳамаи аъзоёни Шӯро Президенти кунунии Шӯрои мазкур Ҷакая Киквете ба муҳлати се соли дигар, яъне аз 15 сентябри соли 2024 то 15 сентябри соли 2027 интихоб гардид.
Ёдовар мешавем, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳри Занзибари Танзания қарор дошта, бо ҳамтоёни худ ва дигар намояндагони соҳаи маорифи кишварҳои аъзои Шӯрои Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф як қатор вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон