ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ ДОИР ГАРДИД

07-06-2019
7-уми июни соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гашт. Дар Шӯро муовини якуми вазири маориф ва илм муҳтарам Р. Мирбобоев, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олию муассисаҳои илмии кишвар ва доираи васеи олимон иштирок намуданд.
Р. Мирбобоев чорабиниро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки бо ғамхориҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф ва илм имрӯз мо ба як қатор муваффақиятҳо ноил гаштем, ки ин ҳанӯз қонеъкунанда нест ва моро мебояд дар роҳи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ корҳои назаррасро анҷом диҳем.
Дар идомаи ҷаласа А. Ғоибзода-президенти Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон  оид ба фаъолият дар бахши илмҳои тиб ва биология,  Н. Бӯриев - сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм оид ба фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ш. Абдуализода – сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм оид ба рафти татбиқи «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» суханронӣ намуданд. 
Дар охири ҷаласа миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО