ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

16-03-2022
16-уми марти соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шӯро Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро-намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, академияҳо, раисони шӯроҳои ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар ҷаласа вобаста ба натиҷаи ташхиси иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2021 гузориши муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар шунида шуд. 
Аз ҷумла, зикр гардид, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар назорати низоми соҳаи маориф тибқи Низомнома фаъолияти худро ба амалӣ намудани сиёсати ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм равона менамояд.
Иҷозатномадиҳӣ яке аз ваколатҳои асосии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва он ҳамчун мақоми иҷозатдиҳанда дар соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ташхиси иҷозатномадиҳӣ мегузаронад. Айни ҳол, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 79 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) тибқи иҷозатномаи Агентӣ фаъолият менамоянд. Дар соли 2021 Агентӣ аттестатсияи 13 муассисаи таҳсилоти умумиро гузаронида, ба онҳо иҷозатнома ҷиҳати ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ додааст.
Инчунин, дар давоми соли 2021 масъулини Агентӣ 879 аттестатсия (муассиса ва марказҳои таълимӣ), 379 аккредитатсия, 25 азнавбарасмиятдарорӣ ва 44 ташхиси иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба анҷом расониданд. 
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон то 10 марти соли 2022 барои муайян намудани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён тибқи нақша, дар маҷмӯъ, 220 муассисаи таълимиро аз санҷиши сатҳи сифати таҳсилот ва аттестатсияи давлатӣ гузаронид, ки аз ин теъдод 202 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 муассисаи таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта (литсей, гимназия), 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Натиҷаи санҷишҳо маълум намуд, ки дар муқоиса ба 3 моҳи аввали соли 2021 тағйироти мусбӣ мушоҳида карда мешавад.
- Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, рафти иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025»-ро, ки яке аз омилҳои асосии болоравии сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад, мавриди санҷиш қарор дод, - зикр кард Х. Содиқзода.
Зимни баррасии масъалаҳо як қатор иштирокдорони ҷаласа ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.
Дар охир раиси ҷаласа вобаста ба татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31 январи соли 2020, №1445) «Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони ихтисосманд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, тибқи меъёрҳои муайяншуда ба талабот ҷавобгӯ намудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҷоннок намудани фаъолияти шӯро ва иттиҳодияҳои методии фаннӣ, бартараф намудани норасоии китобҳои дарсӣ, истифодаи самараноки технологияи муосир ва пайваст намудани компютерҳои муассисаҳои таълимӣ ба Интернет, таҷдиди назар намудани меъёрҳои баҳодиҳӣ, иҷрои бечунучарои Стратегияи миллии рушди маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, роҳ надодан ба санҷишҳои беасосу ғайринақшавӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимӣ фаъолиятро дар ҳамбастагӣ ба роҳ монда, ҷиҳати бартараф намудани проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар соҳа тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.