ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РЕКТОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД

22-12-2020
  Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раванди таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, вазъи фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳисоботи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ аз 26 декабри соли 2019 роҷеъ ба  фаъолияти китобхонаи донишгоҳ ва таъмини он бо адабиёти зарурӣ, аз ҷумла таълимӣ, тахассусӣ ва бадеӣ, фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати амалисозии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, вазъи автоматикунонии раванди таълим ва қабули имтиҳонҳои давлатӣ тавассути техникаи компютерӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
   Нахуст иштирокдорони ҷаласа аз дастовардҳои донишкада боздид намуда, бо ихтироот ва ташкили инфрасохтори муосири муассисаи таълимӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
   Сипас, ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм Д.Қодирзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад. Дар ин радиф, бо мақсади пешрафти зинаи таҳсилоти олии касбӣ, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯй ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ як қатор тадбирҳоро ба анҷом расониданд.
   Инчунин, дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон М. Қурбонзода, ректори  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Суҳайл Нақвӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Г.Юсуфзода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Д.Саидӣ, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон М. Шарифзода суханронӣ намуданд.
   Дар охир, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, оид ба масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
  Ҳамзамон, аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм ба иштирокдорон доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таҳсилот, самараноку сарфакорона истифода намудани маблағҳо, истифодаи самараноки нерӯи барқ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенӣ вобаста ба вируси COVID-19, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва чанде дигар дастуру супоришҳо дода шуд.