ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ ОИД БА ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

25-06-2024
25-уми июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири Ҷумҳуриии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Сараввал, зимни сухани ифтитоҳӣ Дилрабо Мансурӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки тайёр намудани мутахассисони варзида, баланд бардоштани сифати таҳсилот, амалӣ намудани стратегияву консепсияҳо дар ин самт барои вусъат бахшидани маорифи миллӣ омили таъсиррасон мебошад.
Дар идома тибқи рӯзномаи ҷаласа , сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода вобаста ба “Сифати таҳсилот, мушкилот ва роҳҳои баланд бардоштани он дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ” суханронӣ намуда, қайд кард, ки баланд шудани сифати таҳсилот дар ин зина барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат хеле муҳим аст.
Сипас, вазири маориф ва илм оид ба “Рафти татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ” суханронӣ карда, иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 11 стратегияву, консепсия ва барномаҳои давлатӣ амал менамоянд, ки ба рушд ва ислоҳоти соҳа равона гардидааст.
Зикр гардид, ки шурои мазкур баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, иҷрои саривақтии стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатиро фаро гирифта барои рушди маорифи миллӣ як омили таъсиргузор ба ҳисоб меравад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон