ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

20-12-2022
Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид, ки дар он директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Ҷаласаро Л.Абдулхолиқзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба рӯзномаи Шуро шинос намуд. Сипас, Довуд Ализода доир ба натиҷаи қабули донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2022-2023 маърӯза намуда, изҳор дошт, ки нақшаи қабул вобаста ба минтақа ва шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023, дар умум, ба 44207 нафар расидааст.
Дар идома директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зоир Ғафурӣ дар бораи вазъи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (соҳаи омӯзгорӣ), таъминот бо китобҳои тахассусӣ баромад намуда, қайд кард, ки такмили базаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба раванди таълиму тарбия имкон медиҳад, ки, самаранокии раванди педагогӣ тавассути таъминоти ҷанбаи мотиватсионии донишҷӯён дар самти омӯзиши силсилаи фанҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ то ҳадди матлуб баланд бардошта шавад. Технологияҳои самарабахши таҳсилот, аз ҷумла, методҳо ва тарзу усулҳои инноватсионии таълим таҳия ва татбиқ гарданд. Инчунин, дастрасии озодона ба иттилооти таълимие, ки тавассути сарчашмаҳои гуногуни илмӣ ва таълимӣ – китобхонаҳои электронӣ, пойгоҳҳо ва бонкҳои маълумотдиҳанда, захираҳои электронии таълимӣ ва амсоли ин пахш мегарданд, таъмин карда шавад. Ҳамзамон, самаранокии фаъолияти касбии омӯзгор баланд бардошта шуда, сарфи вақти донишҷӯён барои иҷрои корҳои мустақилона бо истифодаи технологияи иттилоотии таълимӣ кам ва маҳсулнокии он бештар мегардад.
Доир ба вазъи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (соҳаи тиббӣ), таъминот бо китобҳои тахассусӣ Шаҳло Ашуриён-директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ маърӯза намуда, баён дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати муатахассисони миёнаи касбии тиббӣ аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Дар солҳои охир аз ҷониби ҳайати кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббӣ, махсусусан, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ номгӯи зиёди адабиёти таълимии тахассусӣ (китобҳои дарсӣ, маҷмуаҳои лексионӣ, дастурамалҳои таълимӣ ва методӣ, роликҳои таълимӣ, китобҳои электронӣ ва ғ.) омода карда шуда, китобхонаҳои муассисаҳо бо онҳо таъмин карда шудааст.