ҶАЛАСАИ ТАҲЛИЛИЮ НАТИҶАГИРИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

05-07-2024
Санаи 5-уми июли соли равон дар толори маҷлисии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён ҷаласаи таҳлилию натиҷагирии соҳаи маорифи вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфия Абдухолиқзода, сардори раёсати маориф муҳтарам Зиёдулло Абдулзода, директорҳои марказҳои соҳаи маориф, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, мутахассисон ва дигар масъулон ширкат намуданд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Зиёдулло Абдулзода дар хусуси ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти соҳаи маориф ва дигар масъалаҳои ҷорӣ изҳори назар кард.
Сипас, сармутахассиси раёсати маориф Маъруф Абдуллозода, мудири маорифи ноҳияи Восеъ Муҳаммад Орифзода ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон дар хусуси фаъолияти соҳаи маориф дар нимсолаи якуми соли равон баромад карда, аз дастоварду муваффақиятҳои соҳа ва мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуданд. 
 Шароити таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ бештар гардида, синфхонаҳои иловагӣ, муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои фаннӣ муҳайё карда шудааст. 
Пас аз музокирот муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода баромад карда, дар хусуси дар бораи супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро оид ба беҳтар кардани сифати таҳсилот, таъминот бо кадрҳои лаёқатманди омӯзгорӣ, таъмири компютерҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳо баёни андеша карданд.
Дар қисмати охири ҷаласаи ҷамъбастӣ сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Зиёдулло Абдулзода барои иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми кишвар муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мудирони шуъбаву бахшҳои маориф супориш доданд.