ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7-8-И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ АЗ ФАНҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ-ГУМАНИТАРӢ ДАР СОЛИ 2023

22-05-2023
Аз 19-ум то 21-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2576 нафар хонандагони синфҳои 7-8 иштирок намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 869 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумораи иштирокчиён 943 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ (48 нафар сазовори медали тилло, 194 нафар сазовори медали нуқра ва 701 нафар сазовори медали биринҷӣ) гардиданд.
Натиҷаи ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ–риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 375 ҷойи ифтихорӣ (40 медали тилло, 110 медали нуқра ва 225 медали биринҷӣ), вилояти Суғд 249 ҷойи ифтихорӣ (4 медали тилло, 43 медали нуқра ва 202 медали биринҷӣ), вилояти Хатлон 211 ҷойи ифтихорӣ (27 медали нуқра ва 184 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 70 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 62 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 38 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 9 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ) гардиданд.
Дар натиҷа хонандагони ноҳияи Сино бо гирифтани 243 ҷойи ифтихорӣ (29 медали тилло, 82 медали нуқра ва 128 медали биринҷӣ) сазовори ҷойи якум, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гирифтани 52 ҷойи ифтихорӣ (14 медали нуқра ва 38 медали биринҷӣ) сазовори ҷойи дуюм ва шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 46 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло, 9 медали нуқра ва 34 медали биринҷӣ) гардиданд. Хонандагони ноҳияҳои Балҷувон, Ванҷ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мурғоб, Н. Хусрав, Панҷ, Роғун, Тоҷикобод, Файзобод, Ховалинг, Хуросон, Ш. Шоҳин ва Шаҳритус иштирок намуда, мутаасифона, сазовори ягон ҷойи ифтихорӣ нагардиданд. Хонандагони ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор дар олимпиада иштирок нанамуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон