ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНҲОИ “САРОЯНДАИ БЕҲТАРИН” ВА “РАССОМИ БЕҲТАРИН”

24-05-2023
23 майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” даври ҷумҳуриявии озмунҳои “Сарояндаи беҳтарин” ва “Рассоми беҳтарин” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг ва санъат 35 нафар донишҷӯ иштирок намуд.
Озмуни “Сарояндаи беҳтарин” аз рӯйи 5 номинатсия (шашмақом, фалак, академӣ, эстрада, анъанавӣ (халқӣ)) ва “Рассоми беҳтарин” аз рӯйи 7 номинатсия (ҳайкалтарошӣ, коркарди бадеии чӯб, санъати ориши амалӣ, бофандаи бадеӣ, графика, рассомӣ, зебоисозии либос ва матоъ) гузаронида шуд, ки дар он аз рӯйи натиҷаи хулосаи комиссия 27 донишҷӯ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 11 нафар сазовори ҷойи якум, 10 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 6 нафар сазовори ҷойи сеюм) гардида, бо мукофотҳои пулӣ ва дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, 4 донишҷӯ барои фаъолона иштирок намуданашон дар озмуни мазкур бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.                                                                

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон