Ҷамъбасти курси кутоҳмуддат оид ба омода намудани тренерони сатҳи байналмилалӣ дар Донишкада

07-06-2024
Курси кӯтоҳмуддати 12 рӯза, ки бо дастгирии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, барои тайёр намудани тренерони сатҳи байналмилалӣ барои 50 нафар кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиалҳо оғоз гардида буд, имрӯз бомуваффақият ҷамъбаст гардид.
Мақсади курс ин пеш ҳама омода намудани омӯзгорони баландихтисоси дар сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ ва аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани худи кормандону омӯзгорони Донишкада мебошад. Дар ҷамъбасти курс ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои вазири маориф ва илм нисбат ба низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ёдовар шуд.
Қайд гардид, ки баргузории курси мазкур ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорони муассисаҳои такмили ихтисос, беҳтар ба роҳмондани фаъолияти эҷодии онҳо, рушди касбият, такмили дониш, дарёфти тренерони соҳибмалака ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нав дар раванди омӯзиш ва муайян намудани қобилият ва малакаву маҳорати иштирокчиён мебошад.
Дар омӯзиш омӯзгорону кормандони филалҳои Донишкада аз шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ ва шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.
Дар охир ба иштирокчиёни омӯзиш аз ҷониби ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода, Штефан Зеверт - роҳбари лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва намояндаи Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон сертификати сатҳи байналмилалӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни оғози курс вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо маводи таълимӣ ва шароити баргузории курс шинос шуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани он дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.