ҶАМЪБАСТИ НАҚШАИ МИЁНАМУҲЛАТ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2023 ВА МУАРРИФИИ НАҚШАИ МИЁНАМУҲЛАТИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2024-2026

02-07-2024
Имрӯз, 2-юми июли соли 2024 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа “Оид ба ҷамъбасти Нақшаи миёнамуҳлат барои солҳои 2021-2023 ва муаррифии Нақшаи миёнамуҳлати стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” баргузор гардид.
Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Артур Ван Дизен, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илм қайд намуд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ҳамаи моро зарур аст, ки ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.
Гуфта шуд, ки мақсади асосии ин Стратегия бунёди низоми самараноки соҳаи маориф, ки имкониятҳои инклюзивӣ ва баробар, инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ (интеллектуалӣ), шуғли кор кардан ва беҳтар намудани некуҳволии умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд, маҳсуб мегардад. Стратегияи мазкур бо назардошти афзалиятҳои зерини соҳаи маориф ва илм таҳия гардидааст:
-дастрасии таҳсилот ва иштирок дар ҷараёни таҳсилот;
- самаранокии дохилии соҳаи маориф;
- сифат ва муҳиммияти соҳаи маориф;
- таъмини принсипҳои баробарӣ дар соҳаи маориф ва илм;
-идоракунӣ ва маблағгузории буҷетии соҳаи маориф.
Сипас, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) ва сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ифтитоҳӣ суханронӣ намуданд.
Дар идома маърузаҳои муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм Қутбиддин Муҳиддинзода оид ба “Ислоҳот дар самти таҳсилоти томактабӣ”, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Шарофиддин Асомиддинзода оид ба “Ислоҳот дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ”, сардори раёсати таҳсилоти олии касбии вазорат Ҳикматулло Саидзода оид ба “Ислоҳот дар самти таҳсилоти олии касбӣ”, сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Иброҳим Сафарзода доир ба “Идоракунӣ ва назорати маблағгузории соҳаи маориф” ва мушовири миллӣ Қодиров Шодибек оид ба “Муаррифии Нақшаи миёнамуҳлати Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз ислоҳот ба вуҷуд овардани низоми таҳсилоте мебошад, ки он барои ҳама сифатнок ва дастрас буда, бояд иқтисодиёти кишварро бо кормандони салоҳиятнок, инфрасохтори мувофиқ ва технологияи муосиру инноватсионӣ таъмин карда тавонад. Дар рафти татбиқи Нақшаи миёнамуҳлати Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ҷиҳати ба даст овардани нишондоди самараноки амалишавии он, Вазорати маориф ва илм омода аст, то бо ҳама вазорату идораҳо ва шарикони рушд ҳамкориро ба роҳ монад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳамкориро бештар густариш дода, дар амалишавии ислоҳоти соҳаи маориф ҳиссагузор бошем.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон