ҶАМЪБАСТИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА КАБИНЕТҲОИ ЛИНГАФОНӢ БАРОИ МУШОВИРОН ВА ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ЗАБОНҲОИ РУСИЮ АНГЛИСИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

20-04-2024
Аз 17-ум то 19-уми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории семинари мазкур ин иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад.
Аз рафти баргузории семинари мазкур Зиёдулло Абдулзода муовини вазири маориф ва илм дидан намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуд.
Қайд гардид, ки баргузории семинари мазкур ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, рушди касбии онҳо, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфти омӯзгорони соҳибмалака ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нав дар раванди омӯзиш (аз қабили синфхонаҳои лингофонӣ) ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки таълим ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифат заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Дар семинар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва НТМ иштирок намуданд.
Дар охир ба иштирокчиёни семинар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сертификат тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ҷаласа муовини вазири маориф ва илм бо вазъи таълиму тарбия ва давомоти хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 шинос гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон