Ҳамкорӣ заминаи комёбиҳост

15-10-2018
Ба ҳамагон маълум аст, ки пайвандҳои таърихии иҷтимоию  иқтисодӣ ва адабиву фарҳангии тоҷикону ӯзбекон дар давоми асрҳо воситаи тавоноиву самарабахш барои тарафайн,  ҳамгироӣ ва ҳамбастагии бисёрсоҳаи миллатҳои мо буд  ва шубҳае нест, ки имрӯзу фардо низ ҳамин рисолаташро ба хотири осоиши рӯҳиву маънавии мардумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷо хоҳад овард. 
Дар ҳоле, ки як марҳилаи муайян робитаҳои расмӣ байни ин ду кишвар куллан барҳам хӯрда буданд, илму адаб ва маориф ягона ҳалқае маҳсуб мешуданд, ки мардумони моро бо риштаҳои маҳину заиф ҳам бошад, дар ҳолати пайвастагӣ нигоҳ медоштанд. Камина бо қаноатмандии бузург ва бо камоли ифтихор гуфта метавонам, ки донишгоҳи мо аз зумраи чунин пайвандгарон ба ҳисоб мерафт ва барои барқарор доштани бинои дӯстӣ аз камтарин ва хурдтарин имкониятҳо истифода мебурд. Рақамҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳамасола дар донишгоҳи мо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагон таҳсил мекарданд.  Албатта, фазои номусоид, торафт сардтар гардидани муносибатҳои сиёсӣ, ба ҳадди нестӣ расидани ҳамкориҳои иқтисодӣ, баста шудани ҷодаҳои байнидавлатӣ ва ба ин васила ба миён омадани мушкилоти равуо пеши роҳи талабгорон ва хоҳишмандони бисёреро мегирифт. Бо вуҷуди ин, ҳамасола дар боргоҳи маърифати мо ақаллан як нафар ҳам бошад, донишҷӯёни ӯзбекистонӣ таҳсил менамуданд. 
Мардуми ҳар ду кишвар, ки аз мавҷудияти монеаҳои маснуӣ ва афзудани дарди ҳиҷрон сахт азоб мекашиданд,  ҳамеша дар орзуи он буданд, ки кош, ҳарчӣ зудтар пардаи ҷудоӣ аз миён бардошта шавад. Дар ду тарафи сарҳад хешу таборон интизори вазиши  боди мусоид буданд ва ин аҳволи муассири халқҳои хунпайванд  таъбири машҳури Хоҷа Ҳофизи Шерозиро ба ёд меовард:
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро!
Ва ниҳоят, боди шурта бархест: хуршеди дӯстии тоҷику ӯзбек боз дубора ба сари халқҳоямон ба шуълапошӣ ооз кард. Чун ҳамеша маҳз муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар сафҳои пеш қарор гирифта, барои ҳар чӣ бештар ва пурратар ҷуброн намудани маҳрумиҳои солҳои гузашта тадбирҳои самарабахш андешиданд. Дар ин бобат донишгоҳи мо дар шумори пешсафон мебошад. Соли ҷорӣ, бахусус, аз шаҳру ноҳияҳои  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз қабили Бекободу Бешариқ, Тошканд ва Андиҷон 15 нафар хостори таҳсил дар ДДҲБСТ гардиданд, ки айни замон 9 нафарашон дар шуъбаҳои рӯзона машғули андухтани илму дониш мебошанд. Боварии комил дорем, ки дар оянда ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мо бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бештар қувват мегирад. Ба ҳайси далел суханони  зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меоварам: « Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ислоҳоти қонунгузорӣ «маркази зеҳнӣ» гардида, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад». Аз ҷониби Сарвари кишвар «маркази зеҳнӣ» унвон гирифтани муассисаи таълимии мо баҳои хеле баланд аст ва, албатта,  ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯёнамонро рӯҳбаланд мегардонад. 
Воқеан, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон меваи ширину хушгувори даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон маҳсуб мешавад. Ҳарчанд ки ба таъсис ёфтани боргоҳи маърифати мо ҳамагӣ чаҳоряк аср шудааст, он имрӯз ҳамчун яке аз беҳтарин муассисаҳои маърифатии мамлакатамон эътироф гардидааст. 
Мо пешравиҳои рӯзафзуни донишгоҳамонро бо эътибори пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва файзу баракати қадамҳои мубораки Пешвои миллатамон тавъам медонем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимиамон иштирок намуда, баробари муборакбодӣ ҳидоят карда буданд, ки донишгоҳ дар соҳаҳои муҳимтарини замони муосир, бахусус соҳибкорӣ, тиҷорат, дипломатия ва умуман, муносибатҳои байналхалқӣ мутахассисоне омода намояд, ки ба меъёрҳои баландтарини замон ҷавобгӯ бошанд. Президенти ҷумҳурӣ ҳангоми ташрифи дуюм ва ширкаташон дар тантанаҳои бахшида ба 20-солагии ДДҲБСТ аз дастовардҳои устодон ва толибилмони мо қаноатманд буданашонро изҳор дошта, арзи таҳсину сипос намуданд. 
Самараи неки ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорист, ки мақом ва нуфузи боргоҳи маърифати мо мунтазам баланд мегардад. Масалан, тибқи мониторинги Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи беҳтарини мактабҳои олии касбии кишвар ҷой дода шуд. Бешубҳа, ин муваффақияти калон аст ва ба мақоми баланд ва нуфузи шоистаи донишгоҳ далолат менамояд. 
Айни замон ҷомеаи устодон ва кормандони сохторҳои ёрирасон дар самти фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои таҳсилу касби илм, ҳар чӣ бештар омода намудани мутахассисони сатҳи баланд камари ҳиммат бастаанд. Дар ин ҷода тақвияти низоми идоракунӣ, таҷдиди барнома ва стандартҳои таълимии касбу ихтисосҳои гуногун ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим имконият медиҳанд, ки эътибори донишгоҳ миёни довталабон боз ҳам боло рафта, ҳамасола теъдоди зиёди хатмкунандагон ДДҲБСТ-ро интихоб кунанд. Масалан, дар маъракаи имсолаи қабул дар риштаҳои рӯзона, ғоибона, фосилавӣ, идомаи хониш ва маълумоти дуюм наздик 2 ҳазор нафар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро интихоб намуданд. Танҳо тавассути тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 1,5 ҳазор нафар шарафи донишҷӯи курси якуми  ДДҲБСТ шуданро ноил гардиданд, ки ин аз нишондиҳандаи соли гузашта 200 нафар зиёд мебошад.
Боргоҳи маърифати мо дорои 3 бинои ободу зебои таълимӣ  мебошад, ки дар онҳо наздик 7,5 ҳазор нафар донишҷӯ ва хонандаи литсейи донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба хизмати толибилмон китобхонаи илмию электронӣ, се толори маҷлис, варзишгоҳи бузург, майдончаи махсуси волейболбозӣ, парки технологӣ, бунгоҳи тиббӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва 9 синфхонаи компютерӣ омода карда шудаанд. Ҳоло сохтмони толори варзишии ҳозиразамон бо суръати баланд идома меёбад ва итминони комил дорем, ки донишҷӯён ва устодони варзишдӯсти донишгоҳамон машқу тамринҳояшонро дар мавсими зимистонаи оянда дар иншооти пӯшидаи муҷаҳҳаз бо камоли роҳат идома хоҳанд дод.
Сохтори донишгоҳ аз 6 факулта ва 36 кафедра иборат буда, 332 нафар омӯзгор ба шогирдон сабақ меомӯзанд, ки қариб 20 нафарашон доктори илм ва 125 нафар номзади илм мебошанд. Дар назди донишгоҳ Шӯрои диссертатсионии  6D. КОА-023 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос таъсис дода шудааст. Бо ибтикори раёсат ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ дар заминаи лоиҳаи FLEPP маркази омӯзиши Аврупо бунёд карда шуд, ки бо тамоми васоити техникии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳоло дар маркази мазкур гурӯҳи калони хоҳишмандон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул мебошанд, ки байни онҳо толибилмони ӯзбекистонӣ низ ҳастанд.
Дар соли хониши 2018- 2019 бар замми 22 ихтисоси мавҷуда омӯзонидани панҷ ихтисоси нави замонавӣ илова ва ба ҳамаи онҳо миқдори зарурии талабгорон қабул карда шуданд. Довталабони чи тоҷикистонӣ ва чи хориҷӣ ихтисосҳои таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ), ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро хеле хуб истиқбол намуданд ва ҳоло дар факултаҳои сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносӣ гурӯҳҳои нахустини ин ихтисосҳои замонавиро пеша карда, мавсими аввалини таҳсилро оғоз бахшидаанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсати донишгоҳ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилотии олии касбии ҷаҳон ва дар айни замон бо мактабҳои олии давлатҳои ҳамҷавор  маҳсуб мегардад. Боиси қаноатмандист, ки дар ин самт ҳам боргоҳи маърифати мо муваффақ асту домани ҳамкориҳо бемайлон фарохтар карда мешавад. Албатта, робитаҳои самаранок бо муассисаҳои мамолики хориҷӣ ба таҳким бахшидани иқтидори илмӣ ва таълимии донишгоҳ ҳамаҷиҳата мусоидат менамоянд. 
Ҳоло дар ДДҲБСТ панҷ лоиҳаи дарозмуддати Иттиҳоди Аврупо- Эразмус Мундус, Темпус ва Эразмус +  амал доранд. Айни ҳол дар доираи лоиҳаи CANEM 11 6 нафар намояндагони донишгоҳ ба муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ сафарбар гардидаанд: 3 нафар устодон ба Донишгоҳи Генуяи Италия, 1 нафар ба Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канариа ва ба Донишгоҳи Ҷазираҳои Балеар (Испания) , 2 нафар донишҷӯ ба донишкадаи корҳои бонкии Чехия. Тибқи нақшаи кории лоиҳаи FLEPP 7 нафар омӯзгор (2 нафар дар Британия, 2 нафар дар Эстония, 2 нафар дар Қирғизистон ва 1 нафар дар Шветсия) такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ намуданд. Дар доираи лоиҳаҳои INOCAST 3 нафар омӯзгори донишгоҳ бо мақсади омӯзиши навовариҳо дар Британия, Шветсия, Испания, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар тренингҳо фаъолона ширкат намуданд. Ногуфта намонад, ки дар заминаи лоиҳаи INOCAST дар донишгоҳ озмоишгоҳи инноватсионӣ таъсис дода, ба маблағи зиёда 22 ҳазор евро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуд. 
Имрӯз ДДҲБСТ бо бештар аз 60 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои расмӣ бастааст. Натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши маъвои хиради мо бо Донишгоҳи Созмони Шанхай  мебошад, ки ҳамасола 10-12  бурсия барои донишҷӯёни мо барои таҳсил дар магистратураи макотиби олии Федератсияи Русия, аз ҷумла, дар Донишгоҳи федералии Урал (Екатеринбург) ва Донишгоҳи давлатии Олтой (Барнаул) ҷудо карда мешаванд. 
Як қатор мактабҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кори конфронси илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот» ки 14-16 майи соли равон дар донишгоҳи мо баргузор гардид фаъолона ширкат варзиданд. 
Ҳамчунин, ҳамкорони ӯзбе-кистонӣ ҷиҳати  қабули меморандуми хотимавии форуми мазкур саҳми назаррас зоҳир намуданд. Бояд гуфт, ки дар ҳамоиш аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам намояндагон иштирок доштанд.    
Дар ҳошияи конфронси байналмилалӣ маросими бастани шартномаҳои ҳамкорӣ байни донишгоҳи мо ва Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон, Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд,  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Тошканд, Донишгоҳи иқтисод ва савдои  Беларус,  Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал,  Оҷонсии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Бухоро, Донишкадаи тиббии ветеринарии Самарқанд ва чанде аз мактабҳои олии дигар ба вуқӯъ пайваст.    
Ҳамчунин, дар ин моҳ ҳини сафари расмии намояндагони мо ба кишвари ҳамҷавор байни Донишгоҳи давлатии ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобури Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид. Ҳадафи ин санади муҳим аз ҳар ду ҷониб фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамкориҳои таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маънавии донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳоямон маҳсуб мешавад. Одатан, мо ҳамасола дар арафаи имтиҳонҳои қабул ба тамоми шаҳру навоҳии мамлакатамон сафар карда, бо хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқотҳо баргузор менамоем. Ба шарофати он ки равуо бо Ӯзбекистони бародарӣ хеле осон шудааст, раёсат ва созмонҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ тасмим гирифтааст, ки соли оянда сафарҳои тарғиботиро аввал ба шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва оянда дар тамоми вилоятҳои ин кишвари дӯст ташкил карда, ҷалби таҳсили ҷавонони ӯзбекистониро дар донишгоҳамон ба ҳадди имкон бештар хоҳем кард. Баробари ин, тадбирҳои самарабахше андешида мешаванд, ки барои толибилмони хориҷӣ, бахусус ӯзбекистонӣ, шароити дилхоҳ муҳайё карда шаванд. 
...Ҳамин тавр, фаъолияти донишгоҳ давра ба давра вусъат меёбад. Ҳадафи асосии мо ба таври шоиста ва бо дастовезҳои  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон мебошад. 
 
Мумин ШАРИФЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор