Ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи илм ва технологияи AGH-и Лаҳистон густариш меёбад

18-06-2024
Ҳайати профессорони факултети мошинсозӣ ва техникаи роботсозии Донишгоҳи илм ва технологияи AGH-и Лаҳистон давоми як ҳафта дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ табодули таҷриба намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, зимни мулоқоти роҳбарият ва мутахассисони кафедраҳои дахлдори донишгоҳ ва ҳайати профессорон ба рушди ҳамкорӣ бо истифода аз таҷриба ва иқтидори илмии Донишгоҳи илм ва технологияи AGH, ки дорои зиёда аз 700 озмоишгоҳи илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ аст, ҷиҳати тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар самти мошинсозӣ ва масолеҳшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз соли 2015 бо Донишгоҳи илм ва технологияи AGH созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. То ин давра устодони Донишгоҳи техникӣ дар доираи барномаи табодули академӣ дар мамлакати Лаҳистон табодули таҷриба намуданд. Инчунин бо даъвати ҷониби AGH устодони Донишгоҳи техникӣ ба донишҷӯёни онҳо дарсҳои кушод баргузор намуда, дар баробари ин устодони он ҷониб низ дар Донишгоҳи техникӣ дарсҳои кушод ба донишҷӯён омӯзониданд.

АМИТ «Ховар»