Ҳамкориҳо вусъат меёбанд

13-04-2018
13-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев бо  ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск Литовченко Виктор Григоревич баргузор гардид, ки дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти суҳбат ректори донишгоҳ дар бораи фаъолияти донишғоҳ ва нақши он дар рушди шаҳри Челябинск ва соҳаи маориф дар самти кишоварзӣ маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла, қайд кард, ки донишгоҳи мазкур аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ мутахассисонро омода намуда, бо донишгоҳҳои хориҷӣ низ ҳамкориҳои судманд дорад. 
-Дар донишгоҳ 9 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, ки  аз он 700 нафар шаҳрвандони хориҷӣ буда, 65 нафарашонро донишҷӯёни тоҷик ташкил медиҳанд,-қайд кард Виктор Литовченко.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон, ҷиҳати вусъат додани ин ҳамкориҳо миёнаи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск созишнома ба имзо расониданд.