Ҷаҳони тоҷикон дар «Шашмақом» аст

12-05-2018
Тоҷикон аз қадим гаравиш ба санъат ва санъатварӣ доштанд ва санъат дар камолоти маънавии халқи фарҳангпарвари мо нақши бағоят бузург доштааст. Умуман, санъат ба як ҷузъи муҳими ҳаёти тоҷикон табдил ёфтаву зинатбахши рӯзгорони эшон  гардидааст. Санъати халқи тоҷик хеле дерину рангин аст ва намояндагони маъруфу барҷаста дорад.  Як бахши аъзами санъати тоҷиконро «Шашмақом» ташкил медиҳад. Дар бораи ин сарвати маънавии халқамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Шашмақом» достони муҳташами савту калом аст, ки дар навоҳои он беҳтарин ва олитарин орзуву пиндорҳои неки аҷдодони мо таҷассум ёфтаанд. Имрӯз дар дили пиру ҷавон эҳсоси шаъну шукӯҳи Истиқлолияти Тоҷикистон маъво гирифтааст, дар дасти ҳар фарди тоҷик парчами муҷаллои Ватан, дар самъаш суруди миллӣ, дар дилаш нияти боз ҳам обод намудани кишвари азизамон тантана дорад. Мо кунун ба хотири боз ҳам боло бардоштани сатҳи хештаншиносӣ ва завқи зебоипарастии мардуми тоҷик беҳтарин намунаҳои мероси бойи бадеӣ-эстетикии аҷдодонамонро эҳё ва тарғиб менамоем, ки «Шашмақом» дар ин миён мавқеи муҳим дорад». Таърих гувоҳ аст ва худ номаш ҳам собит месозад, ки «Шашмақом» моли аслӣ ва сарвати волои тоҷикон аст ва дар минтақаҳои  гуногуни Осиёи Марказӣ рушд ёфта, тадриҷан дар бисёр мамлакатҳои  атроф пазируфта шудааст. Он садсолаҳост, ки маҳфилу ҷашнвораҳо, ҳамоишҳои тантанавию маъракаҳои мухталифро шукӯҳ мебахшад, дилҳоро тасхир мекунад ва ҳунару санъати нафиси халқи тоҷикро тарғиб менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон «Шашмақом» эътибори  бештар пайдо кард ва ҳаматарафа такомул ёфт. Баҳри густариши «Шашмақом» тадбирҳои зиёде андешидаву корҳои муҳимме сомон бахшида шуданд. Аз ҷумла, китоби «Шашмақом» ва нахустин «Энсиклопедияи «Шашмақом» таҳияву нашр гардид. Дар шаҳри Душанбе  Фестивал – симпозиуми  байналмилалии «Шашмақом» баргузор гашт. Муҳимтар аз ҳама, соли 2003 «Шашмақом» ба сифати яке аз шоҳкориҳои мусиқии ҷаҳонӣ ба Феҳристи  ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин дар қатори  дигар омилҳо далели барҷастаи дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудани фарҳанги  ғании касбии  халқи тоҷик низ мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» таҷлил мешавад ва ба ин муносибат дар саросари кишвар чорабиниҳои рангину пурғановати фарҳангӣ баргузор мешаванд. 
Чунонки гуфтем, «Шашмақом» дар олами маънавии халқи тоҷик ҷойгоҳе барҷаста дорад, то ба сатҳе ки шоире фармуда: «Ҷаҳони тоҷикон дар «Шашмақом» аст». Ин шоҳасари марғуби мусиқӣ дар тарбияи насли наврас низ дорои нақше муассир  мебошад. Он ҷавононро ба дунёи нафосат ва зебоӣ мекашад, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносию тамаддунпарварӣ тарбия менамояд, ба кору фаъолияти пурбаракат ҳидоят мекунад. Дар «Шашмақом» афкори  муҳиму рангин ва созандаи мардуми мо ифода ёфтааст ва ҳангоме ки мусиқиҳои  он садо медиҳанд, кас ба олами зебои маънавӣ руҷӯъ мекунаду лаззату ҳаловат  мебарад. Дар лаҳзаҳои мувофиқи  дарсҳо (лаҳзаҳои дамгирӣ) шунавонидани  пораҳо аз «Шашмақом» барои хонандагон муфид хоҳад буд. Ҳамчунин, баргузор намудани маҳфилҳои адабӣ, базмҳои суруду мусиқӣ, конфронсу вохӯриҳо ба ифтихори  Рӯзи «Шашмақом» дар тарбияи маънавии насли наврас нақши созгор хоҳад дошт.
 
Латофат САЛОМОВА, 
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, ноҳияи Исмоили Сомонӣ