Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус – Ковид-19 оид ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10-05-2020
Вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус – Ковид-19 Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус – Ковид-19 қарор қабул менамояд:
1. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 10-уми майи соли 2020 ба таътил фиристода шаванд. 
2. Хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳони аттестатсияи хатм иштирок карда натавонистанд, супоридани имтиҳони онҳо ба фасли тирамоҳ гузаронида шавад. 
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки имтиҳони такрории аттестатсияи хатми давлатиро барои донишҷӯёне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳои аттестатсияи хатм иштирок карда натавонистанд, дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 ташкил намояд.