АРТИШИ МИЛЛӢ – АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

21-02-2020
21-уми феврали соли 2020 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27–солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид, ки дар он М. Имомзода – вазири маориф ва илм, муовинони вазир, Д. Назарзода – сардори кафедраи ҳарбии ДМТ ва дигар кормандони вазорат ширкат ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм иштирокдорони чорабиниро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд.
Дар идома Д. Назарзода – сардори кафедраи ҳарбии ДМТ ва Ф.Асфияева-раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат зикр карданд, ки дар зарфи наздик ба се даҳсола Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони кишвар хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм