АРЗЁБИИ МУҲТАВОИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ

08-06-2024
8-уми юни соли равон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм, роҳбарону аъзои гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома, китобҳои дарсӣ ва муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот муҳокимаи 51 дастхати адабиёти таълимӣ, аз қабили атласҳои географӣ барои хонандагони синфҳои 6-ум, 7-ум, 8-ум, 8 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони қирғизӣ ва як қатор дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Зимни баргузории ҷаласаи гуфта шуд, ки муҳтавои китобҳои таълимӣ бояд фарогирӣ суннату анъанаҳои аҷдодӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ бошанд ва онҳо бе нуқсу хатои забонию имлоӣ нашр гардида, хонандаро дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм Наврӯзи Ҷумъамурод зимни муаррифии адабиёти таълимии ба муҳокима пешниҳодгардида изҳор дошт, ки дастуру китобҳои дарсӣ аз назари коршиносон ва гурӯҳҳои экспертӣ арзёбӣ шуда, бо назардошти хулосаву тавсияҳои онҳо ба Шурои миллии таҳсилот пешниҳод гардидаанд.
Бо назардошти фикру пешниҳодҳои аъзои Шурои миллии таҳсилот дастхати якчанд адабиёти таълимӣ барои такмил ва бознигарӣ бозпас гардонида шуд.
Зимни баррасии масъалаи мавриди назар аз ҷониби раиси ҷаласа ҷиҳати ба таври ҷиддӣ ба роҳ мондани тартиби ташхиси адабиёти таълимӣ, бо назардошти талаботи нақшаҳои таълимӣ, стандарт ва барномаи таълим, инчунин дар асоси принсипи муносибати босалоҳият ба таълим таҳия намудани китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.