АШТ: БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

07-02-2022
Субҳи имрӯз 7 – уми феврали соли 2022 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди вазорат Дилшод Сафарзода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим бо сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Меҳмононро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар даромадгоҳи ноҳия пазироӣ ва ҳамроҳӣ намуданд.
Роҳбарияти вазорат ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳа дидан намуданд. 
Зимни боздид аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№4, 7, 11, 25, 65, кӯдакистони хусусӣ ва бинои шуъбаи маориф иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва №25 аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 аз ҷониби соҳибкорону аҳоли ба тариқи ҳашар, бинои шуъбаи маориф аз ҷониби раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм ва бинои кӯдакистон аз ҷониби соҳибкор Истамой Мадалиева сохта шуда истодаанд. 
Ҳангоми суҳбат бо пудратчиён, сохтмончиён ва дигар масъулони соҳа вазири маориф ва илм ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муйяншуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ба соли нави таҳсил омода намудани муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.