АТТ ВА ПРМ КОРҲОИ НАЗАРРАСРО АНҶОМ ДОДАНД

13-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи маориф ва илм нақши муҳим дорад.
Маводи таълиф ва нашркардаи кормандони раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ин муддат 13 мақола ва 2 дастурро ташкил медиҳад, ки теъдоди умумии он ба 15 номгӯй мерасад. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ таҳти роҳбарии кормандони илмии раёсати академия 3 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар докторӣ дифоъ карданд.
Дар баробари муваффақиятҳо дар фаъолияти раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд.
Бинобар ин, раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон вазифадор карда шавад:
- ҳамкории зичу пайвастаи зерсохторҳоро ба роҳ монад;
- тамоми нуктаҳои мубрами соҳаро бо зерсохторҳои худ дастаҷамъона, ҳамаҷониба баррасӣ карда пешниҳод намояд;
- диққати роҳбарони муассисаҳои таълимиро ба сифати таҳсилот ҷалб намуда, меъёрҳою нишондиҳандаҳои сифати таҳсилотро муайян созад.
- бо зерсохторҳои худ доираи чорабиниҳоро васеъ гардонида, оид ба беҳтаргардонии сифати таҳсилот дар вилояту шаҳрҳо конфренсияю мизҳои мудаввари босифат доир намояд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ асосан дар доираи 5 мавзӯи фармоишӣ сурат мегирад.
Дар семоҳаи якуми соли 2020 кормандони Пажӯҳишгоҳ 4 конференсияи илмӣ-амалӣ, семинари илмӣ-методӣ баргузор намуда, 17 номгӯй маводи чопии илмиву методиро бо теъдоди 97 ҷузъи чопӣ ба табъ расонданд.
Ҳамчунин, коркардҳои назариявӣ оид ба татбиқи таълими босалоҳият ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониш дар зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ пешниҳоду тавсияҳо таҳия шуда, Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилот (таҳсилоти умумии 12-сола) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 ва Дастурамали низом ва меъёрҳои баҳодиҳии садхола ба дониш, малака ва маҳорат (салоҳият)-ҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокима омода карда шуд.
Дар баробари ин, ба роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ супориш дода мешавад:
- ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар (18.03.2020) чораҳои мушаххас андешад;
- зимни фаъолият иҷрои нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таъмин намояд;
- оид ба дурнамои рушди маориф, мақоми мактаби муосир, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самарабахши омӯзиши фанҳо дастуру мақолаҳо ба табъ расонад;
- оид ба роҳҳои рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникӣ, ташаккули қобилияти эҷодии хонандагон, ҷалби наврасону ҷавонон ба ихтироъкорӣ, беҳгардондани сифати таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ дастуру мақолаҳо нашр намояд.