Ҷавоб ба матлабе таҳти унвони «Вақте супориши Президент иҷро намешавад...», ки дар гурӯҳи «Ахбор барои афкор»-и шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд

07-01-2023
Дар гурӯҳи «Ахбор барои афкор»-и шабакаи иҷтимоии Фейсбук матлабе таҳти унвони «Вақте супориши Президент иҷро намешавад...» нашр шуд, ки дар он ба иддаои муаллиф гӯё аз иҷро нашудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом нигаронӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки дарвоқеъ 11-уми августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки хазинаи тамоми китобхонаҳои мактабии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар баробари таъмини адабиёти дарсӣ бо китобҳои бадеӣ низ комил карда шавад.
Дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ бо ҳамкории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон теъдоди зиёди адабиёти бадеии аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Маориф» ва «Адабиёти бачагона» нашргардида, ки беҳтарин намунаҳои назмиву насриро аз эҷодиёти шоирону нависандагони адабиёти классик ва муосири тоҷик фаро мегиранд, интихоб карда шуда, ҷиҳати аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ харидорӣ шудани онҳо ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуб (аз 26.12.2022, №20/100/01-387) ирсол карда шуд.
Бояд гуфт, ки китобҳои бадеии интихобгардида ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои беҳтар ва пурратар аз худ намудани мавзуъҳои дар барномаҳои таълимӣ пешбинигардида мусоидат мекунад.
Дар ин маврид Муассисаи нашриявии «Адиб» низ бо мактуби №18(98)/4-399 аз 30.12.2022 огоҳ карда шуда буд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои мактабӣ ва ба хониши адабиёти бадеӣ ҷалб кардани хонандагон якчанд сол мешавад, ки таҳия ва чопи китобҳои бадеиро роҳандозӣ кардааст. Аз он ҷумла, аз соли 2012 то соли 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 771 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 4 млн. 151 ҳаз. 752 нусха нашр ва қисман харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардидааст. Ин иқдоми вазорат давоми солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт. Аз ин теъдод 217 номгӯй китоби бадеӣ ба теъдоди умумии 3 млн. 40 ҳаз. 320 нусха бо ҳамкории шарикони рушд дар соҳаи маориф нашр шуда, ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба таври ройгон дастрас гардонида шудааст. Ҳамкориҳои густардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои нашриявии кишвар дар самти таҳия ва харидорӣ кардани адабиёти бадеӣ давоми солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт.
Тайи солҳои охир Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаи нашриявии «Адиб» 428 номгӯй ба миқдори 275 988 нусха, аз муассисаи нашриявии «Маориф» 61 номгӯй ба миқдори 87 827 нусха адабиёти бадеиро харидорӣ намуда, ба муассисаҳои таълимии кишвар дастрас гардонидааст. Инчунин, бо ҳамкории Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф 39 номгӯй китоби дарсии бачагона ба миқдори 1 млн. 731 ҳаз. 600 нусха, Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» 178 нусха ба миқдори 1 млн. 308 ҳаз. 720 нусха китобҳои бадеӣ аз осори адибони классик ва муосири тоҷик ва намунаҳои беҳтарини асарҳои адибони ҷаҳон чоп ва барои ғанӣ гардонидани китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шудааст.
Илова бар ин, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Иттифоқи нависандагон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои хониши бадеии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тамоми дӯстдорони каломи бадеъ 30 номгӯй адабиёти бадеӣ таҳти унвони «30 баҳори Истиқлол» ба теъдоди умумии 210 ҳазор нусха нашр гардида, ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.
Ҳамзамон, соли 2022 17 номгӯй китоби бадеӣ бо теъдоди умумии 131 ҳазору 134 нусха аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва ба марказҳои инкишофи кӯдак ва кӯдакистонҳои назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардонида шуд.
Соли 2023 низ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд нашри 40 номгӯй китоби бадеиро аз осори адибони тоҷик ва адабиёти ҷаҳон барои хониши беруназсинфии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифтааст.
Сарфи назар аз корҳои анҷомшуда роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо адабиёти бадеӣ таъмин намудани китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар доираи имконият тадбирҳои судманд меандешад. Аз ҷумла, санаи 22.12.2022 дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои харидории китобҳои бадеӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳал дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ин самт ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастур дода шуд.
 
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию
методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон