Ҷавонон ва рушди маориф

28-05-2021
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш зери унвони «Ҷавонон ва рушди маориф дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли кишвар ширкат карданд.
Муҳаммаддовуд Саломиён дар расми ифтитоҳи ҷамъомад изҳор дошт, ки ҷавонони фарзонаи миллату сарзаминамон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ тавонистанд, ки дар рушди мамлакат ҳиссаи сазовор гузоранд. Пешвои миллат дар вохӯрияшон бо ҷавонони кишвар онҳоро неруи асосии созандаи давлат номиданд. Наврасону ҷавонони кишвар, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён, олимони ҷавону варзишгарону ихтироъкорон, ки дар зинаҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, бо кору фаъолият, дониш, истеъдод, ҳунар ва неруи ҷисмонии худ дар пайравӣ ба афкори созандаи Роҳбари давлат бо иштироки бевоситаи худ дар озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ обрӯ ва эътибори Ватанамонро боло мебаранд.
Дилноза Аҳмадзода қайд кард, ки омӯзгор будан ифтихор аст ва ҳамзамон, омӯзгорӣ пешаи заҳматталабу мушкил мебошад. Дар ивази оне, ки шахс худ дониш, маърифату фаҳмиш дорад, масъул аст, ки он ҳама донишу малакаву маҳоратҳои доштаашро ба наврасону ҷавонон, ки ояндаи мо мебошанд, омӯзонад.
Сардори бахши томактабии Вазорати маориф ва илм Маҳина Бобоева зимни ироаи маърӯзаи хеш дар мавзӯи «Рушди  муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ» иброз дошт, ки имрӯз теъдоди кӯдакистонҳо дар ҷумҳурӣ ба 680 адад расида, дар онҳо 97 679 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар кишвар 1764 маркази инкишофи кӯдак амал намуда, 49 332 кӯдак дар ин марказҳо таълиму тарбия дода мешаванд. Агар дар ҷумҳурӣ соли 2015 48 кӯдакистони хусусӣ фаъолият мекард, имрӯз теъдоди муассисаҳои томактабии хусусӣ ва марказҳои хусусии инкишофи кӯдак 168 ададро ташкил медиҳад. Як аз корҳои муҳимме, ки дар самти таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, сабти филмҳои омӯзишӣ мебошад. Айни замон 50 қисми филми аниматсионӣ омода шудааст.
Дар зинаи таҳсилоти умумӣ низ ислоҳоти мукаммал гузаронида шуда, ба муассисаҳои таълимӣ мустақилияти молиявӣ дода шуд.
Сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Ҷалолиддин Амиров дар мавзӯи «Ҳадафу мароми равияю ҷараёнҳои экстремистию террористӣ ва хоҷагони пасипардагии онҳо дар робита ба вайрон сохтани фазои ором дар кишварҳои рӯ ба пешрафт» сухан ронда, тазаккур дод, ки дар баъзе кишварҳо беш аз 40-50 дарсади кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсил ҷалб намешаванд ва дар доираи муассисаҳои таълимии онҳо чанд муллои ҷоҳил ва фурӯхташуда ба ҷои дониш кӯдакону ҷавононро ба ҷиҳоди дурӯғини бофтаи хоҷаҳои хориҷии худ талқин менамоянд. 
Бояд таъкид кард, ки маҳз чунин давлатҳо манбаи ҷабру озори мардум мегарданд ва сабабгори мавриди инфиҷору интиҳори ҳаррӯза қарор гирифтани халқи бегуноҳ мешаванд. Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ душмани илму дониш, мактабу маориф ва илмҳои дунявӣ буда, тамоми ҳастии онҳоро нафрат ба мактабу донишандӯзии мардум фаро гирифтааст.
Суханронии мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсияи вазорат Мирзотоҳир Олимов ба мавзӯи «Нақши ҷавонон дар даврони Истиқлол: имрӯз, дирӯз ва фардо» бахшида шуд. 
Пас аз пешниҳоди маърӯзаҳо муроҷиатномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон қабул гардид. Муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ба ҷавонони фаъоли кишвар ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илмро супурданд. Дар фарҷом барномаи марғуби фарҳангӣ-адабии омодакардаи ҳунармандони ансамбли «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид.
Дилафрӯз ҚУРБОНӢ,
«Омӯзгор»