Аввалин дастовард дар соли 2019

16-01-2019
Хонандагони муассиса-ҳои таҳсилоти умумии кишвар дар 15-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков «15th International Zhautykov Olympiad 2019» аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ, ки аз 09 то 15 январи соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи иттилои корманди Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Манучеҳр Ҳабибзода, дар олимпиадаи мазкур аз 20 давлати дунё 532 хонанда иштирок карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи пурнуфуз 5 даста муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик сазовори 13 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) гардиданд.
Ба таъкиди М. Ҳабибзода, дар даври интихобии олимпиадаи мазкур, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, 156 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок намуда, аз миёни онҳо вобаста ба бартарияти холҳо 5 даста интихоб карда шуд.
Соли 2018 хонандагони кишвар дар олимпиадаи мазкур сазовори 11 медал (1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ) гардида буданд.