АЗ РАДДАБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУЗАШТАНИ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРРАСӢ ШУД

22-05-2024
Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии "Маориф - 2024" дар шаҳри Лондони Британияи Кабир вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари ташкилоти Таҳсилоти олӣ (The Higher Education) Филл Бати вохӯрӣ намуд.
Ташкилоти Таҳсилоти олӣ аз бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалиест, ки раддабандии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро анҷом медиҳад. Раддабандӣ тавассути пешниҳоди маълумотҳои зарурӣ дар платформаи рақамии ташкилот сурат гирифта, аксари созмонҳои байналмилалӣ маҳз тибқи тавсияҳои ин ташкилот ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба роҳ мемонанд.
Дар вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори ташкилоти The Higher Education асосан масъалаи иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири маориф ва илм иброз намуд, имрӯз дар баробари донишгоҳу донишкадаҳои дигар давлатҳои дунё зарурати аз раддабандии байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пеш омадааст.
Филл Бати ҷониби Тоҷикистонро бо талабот ва тартиби аз раддабандии байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шинос намуд.
Ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки пешниҳодҳо ва тартиби ҳамкориро дар шакли хаттӣ пешниҳод намоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон