АЗ РАҚОБАТ ТО ҒАЛАБА: ИСТИҚБОЛИ МАТЕМАТИКОНИ НАВРАСИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

02-07-2024
Имрӯз, 2-юми июл дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе истиқболи ғолибони олимпиадаи байналмилалии наврасони Балкан «JBMO» аз фанни математика сурат гирифт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро, ки дар ин олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 ҷойи намоён (бо сифатнокии 100%) ба даст оварданд, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истехдодҳо, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, волидайн ва намояндагони ВАО истиқбол намуданд.
Ҳамаи иштирокдорон ифтихор аз он намуданд, ки дар натиҷаи тадбирандешиҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба таври назаррас рушд намуда, хонандагони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазир гаштаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки олимпиадаи мазкур аз 25 то 30 июни соли 2024 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда, дар он наврасони зиёда аз 20 давлати дунё иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 нафар хонанда намояндагӣ карда, сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ - 4 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гарданд.