БА ИФТИХОРИ ПАРЧАМБАРДОРОНИ КИШВАР

03-06-2024
Охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ду олимпиадаи байналмилалӣ - Олимпиадаи TASIMO ва Олимпиада аз фанни математика ба номи Ал-Хоразмӣ доир карда шуданд, ки ҳарду бо дастовардҳои назарраси хонадагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардидаанд.
Дар воқеъ, ифтихори тамоми кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар аст, ки хонандагони мо дар радифи беҳтарин хонандагони кишварҳои узви ИДМ эътироф гардида, 3 нафар дар Олимпиадаи TASIMO ва 9 нафар дар Олимпиада ба номи Ал-Хоразмӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Ба ҳамин хотир, бо ҳадафи муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибони ин олимпиадаҳои байналмиллалӣ ва омӯзгорони онҳо имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо иштироки васеи хонандагон, омӯзгорон ва намояндагони васоити ахбори омма чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо М. Ғафорзода баромад намуда, рӯз то рӯз зиёд гардидани дастовардҳои илму маорифи кишварро натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуд.
Сипас, ғолибони Олимпиадаҳои байналмиллалӣ бо гулдаста ва тӯҳфаҳои хотирмон ва омӯзгорони онҳо бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ғолибони олимпиадаҳо низ дар навбати худ ба омӯзгорону волидон ва дигар масъулини таълиму тарбияи онҳо ибрози сипосу миннатдорӣ намуданд.