БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ДУОШЁНАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №10 ДАР ДЕҲАИ ГУЛИСТОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

05-11-2021
5-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Зокирзода Маҳмадтоир Зоир - раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фақирзода Қадриддин-раиси ноҳияи Тоҷикобод, Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм, Дилшод Сафарзода-сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм бинои дуошёнаи муассисаи таълимии №10-и деҳаи Гулистони ноҳияи Тоҷикобод ба истифода дода шуд.
Сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд”, аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгар раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “ТоҷиклоиҳаИнвест” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Баракати Сарбанд” ба анҷом расонида шудаанд.
Зимни ифтитоҳи муассиса иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо 12 адад комютер ва 1 адад принтер, 11 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толори маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои кории директор, муовини директор, муҳосибот ва хонаи муаллимон ҷойгир карда шудааст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ноҳияи Тоҷикобод 572 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 30 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. 
Бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳаз гардонида шуда, дар қитъаи замини ҷудогардида буѓхона барои бо гармӣ таъмин намудани муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон, ҳоҷатхона ва ҳавзи нигоҳдории об тибқи лоиҳаи таҳиягардида сохта шудааст. Дар муассисаи таълимии мазкур барои хонандагон ва омӯзгорон шароити мусоиди ттаълимӣ фароҳам оварда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки 21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод таъкид доштанд, ки бинои муассисаи таълимии мазкур то охири сол сохта ба истифода дода шуда, хонандагон бо ҷойи нишаст таъмин карда шаванд.