Ба истифода додани бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 деҳаи Боғҷидаи ноҳияи Шаҳритус

28-08-2021
28-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода, раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Боғҷида бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ба нақша гирифта шуда, фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Канора” иҷро гардидааст.
Айни замон, дар иншоот корҳо ба пуррагӣ ба анҷом расида, бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 
Қобили қайд аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ноҳияи Шаҳритус 195 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 15 нафар омўзгор фаъолият менамояд. 
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 10 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла кабинети фанни физика, синфхонаи компютерӣ, 8 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор, хонаи муаллимон, лаборатория, китобхона ва ҳуҷраи муҳосиб тарҳрезӣ гардидааст.
Ҳамзамон, дар қитъаи замини ҷудогардида буғхона, ҳоҷатхона ва ҳавзи нигоҳдории об тибқи лоиҳаи таҳиягардида сохта шудааст. 

маркази матбуати Вазорати
маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон