БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

05-06-2024
Дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар намояндагони расмӣ дар ноҳияи Фархор бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳаи Дарқади Ҷамоати деҳоти “Дарқад” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тибқи иттилоъ, бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳазгардониии мактабҳо» буда, пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» мебошад.
Сохтмони бинои иловагии муассисаи номбурда соли 2023 оғоз шуда, аз 2 ошёна иборат буда, ошёнаи якум аз кабинетҳои фаннии физика, география, химия, маркази таълимии инкишофи кўдак ва дар ошёнаи дуюм утоқи кории директори муассиса, синфхонаи компютерӣ, хонаи омӯзгорон ва 4 синфхона ҷойгир мебошад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишӣ идома дорад.