БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №6 БАРОИ 640 ҶОЙИ НИШАСТ ДАР ДЕҲАИ НУШОРИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБО

05-11-2021
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия 5-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Зокирзода Маҳмадтоир Зоир - раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фақирзода Қадриддин - раиси ноҳияи Тоҷикобод, Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм, Дилшод Сафарзода-сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм бинои дуошёнаи муассисаи таълимии №6-и деҳаи Нушори ноҳияи Тоҷикобод ба истифода дода шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Нақша чорабиниҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. 
Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “ТоҷиклоиҳаИнвест” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Нурофарид Сохтмон” иҷро гардидаанд. Айни замон, дар иншоот корҳо ба пуррагӣ ба анҷом расида, бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Тоҷикобод 723 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 34 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. 
Лоиҳаи иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 10 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо 12 адад комютер ва 1 адад принтер, 9 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои кории директор, муовини директор, муҳосибот ва хонаи муаллимон тарҳрезӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар қитъаи замини ҷудогардида буѓхона барои бо гармӣ таъмин намудани муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон ва ҳоҷатхона тибқи лоиҳаи таҳиягардида сохта шудааст. 
Инчунин, зимни ифтитоҳи бинои муассиса масъулин иттилоъ доданд, ки соли 2013 навбати аввали иншоот, бинои таълимӣ ибрат аз 8 синфхона барои 192 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуда буд. Дар муассисаи таълимии мазкур барои хонандагон ва омӯзгорон шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки 21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод таъкид доштанд, ки бинои муассисаи таълимии мазкур то охири сол сохта ба истифода дода шуда, хонандагон бо ҷойи нишаст таъмин карда шаванд.