Ба истифодадиҳии бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистон
09-02-2022
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонии бино аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати 10 моҳ пурра ба анҷом расонида шуд. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар мебошад. Муассиса дорои маркази гармидиҳӣ аст.
Лозим ба таъкид аст, ки дар таҳхонаи бино барои 30 нафар занон ва духтарони имконияташон маҳудуд коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.
Муассиса барои қабули 500 нафар хонанда дар ду баст омодааст. “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” дорои 24 воҳиди корӣ буда, омӯзгорону мутахассисон бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд, ки барояшон шароити хуби кори фароҳам оварда шудааст.