БА ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН!

20-08-2020
   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар такя ба Вазорати маорифи Чин ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсил дохил шудан мехоҳанд, мерасонад, ки дар мавриди интихоб ва дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ ҳушёр бошанд.
   Бино ба иттилои ниҳодҳои болозикр Вазорати маорифи Чин рӯзи 6-уми августи соли 2020 дар сомонаи расмии Агентии иттилоотии «Синхуа» дар мавриди пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном «донишгоҳ»-ҳо, ки гӯё дар ҳудуди кишвари Чин фаъолият мекунанд, хабар додааст.
  Вазорати маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин аз кулли довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таълимии ин кишварро доранд, даъват ба амал овардааст, ки ҳӯшёр бошанд, то ба доми фиреби «донишгоҳҳои қалбакӣ» гирифтор нашаванд.
  Вазорат, ҳамчунин, таъкид намудааст, ки довталабон бояд қабл аз дархост гузоштану супоридани имтиҳонҳои қабул ба таври онлайнӣ ба торнамои расмии вазорат ва ё торнамои дигар мақомоти дахлдор дар WeChat ворид шуда, дар бораи муассисаҳои таълимии интихобкардаашон маълумоти дақиқ пайдо кунанд. 
   Тавре дар изҳороти расмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин қайд шудааст, тамоми донишкадаву донишгоҳҳои дар вазорати мазкур бақайдгирифташуда рамзи истисноии худро доранд, ки шаҳрвандон онро дар торнамоҳои низоми махсуси бақайдгирии довталабон пайдо карда метавонанд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон