БА ТАВАҶҶУҲИ ХОҲИШМАНДОН!

19-05-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки Барномаи муштараки бурсияҳои таълимии Япония ва Бонки ҷаҳонӣ барои қабули дархостҳои навбатӣ аз шаҳрвандони кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар барномаи магистрии донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, Уқёнусия ва Япония аз рӯйи 48 ихтисос марбут ба рушд, идораи сиёсати иқтисодӣ, сиёсати андоз ва дигар ихтисосҳоро оғоз намудааст.
Хоҳишмандон метавонанд то санаи 21.05.2021 ҳуҷҷатҳои лозимаро ба таври электронӣ хонапурӣ намоянд.
Барои ба даст овардани ҳуҷҷатҳои лозима ва маълумоти бештар  муроҷиат кардан зарур аст:

https://app.wizehive.com/appform/login/JJWBGParticipating2021 
 
https://pubdocs.worldbank.org/en/478451612357882105/2021-DevelopingCountryNationalsApplicationGuidelines-January2021.pdf
 
https://www.worldbank.org/en/programs/scholarships/brief/jjwbgsp-participating-programs