Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд КАМБУДИҲО БОЯД БАРТАРАФ ШАВАНД

21-05-2022
 
21-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара таҳти раёсати вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд” баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсат, шуъбаю бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорону мудирон ва кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, мудирон ва директорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят иштирок намудан.
Тибқи рӯзнома, нахуст, дар ҷаласа вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашти вилояти Суғд бо пешниҳод гардидани гузоришҳои муфассал аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оид ба вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузориши Қ.Муҳиддинзода –сардори бахши таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Ашт гузориши Ҷ.Амиров-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Гулистон гузориши Р.Мирзозода-директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ гузориши Д.Имомназаров-корманди Пажуҳишгоҳи рушди маориф, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов гузориши С.Туронов-муовини директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузориши М.Сироҷов-сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Спитамен гузориши А.Орифов-мудири шуъбаи омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Конибодом гузориши М.Одилова-сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳрҳои Бӯстон ва Истиқлол гузориши М.Давлатова-муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ, оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Исфара гузориши В.Исмоилов-сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ ва оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд гузориши З.Назруллозода-сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо, дар баробари муаррифии дастовардҳо, бештар ба проблемаву мушкилоти ҷойдошта таваҷҷуҳ шуда, зикр гардид, ки дар вилояти Суғд 283 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, дар онҳо 43 ҳазору 112 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ғайр аз ин, 661 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 14 ҳазору 205 нафар кӯдаки 6-сола фаъолият мекунанд. Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии вилоят 15,2% ва бо назардошти фарогирӣ дар марказҳои инкишофи кӯдак 20,1 фоизро ташкил медиҳад.
Санҷиш нишон дод, ки фарогирӣ, дар маҷмуъ, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров нисбатан беҳтар буда, дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Исфара ва Конибодом беҳбудиро мехоҳад.
Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ аз сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ баландтар бошад ҳам, аз ВМКБ ва шаҳри Душанбе паст буда, талаботи аҳолиро қонеъ карда наметавонад. Бо мақсади бештар намудани фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ ва беҳтар намудани сифати он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” қабул гардид. Аз таҳлилҳо бар меояд, ки қарори мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври зарурӣ амалӣ намегардад. Зеро аз 72 муассисаи томактабии банақшагирифташуда дар муддати 2,5 сол 19 муассиса сохта шудааст, ки он 26,4 фоизро ташкил медиҳад. Иҷрои барнома дар шаҳру ноҳияҳои Исфара (75%), Хуҷанд (50%), Мастчоҳ (40%), Ашт (25%) ва Панҷакент (16,7%)-ро ташкил дода, дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят умуман иҷро нагардидааст.
Яке аз мушкилиҳои дигари самти томактабӣ дар вилоят ғайри мақсад истифода гардидани бинои муассисаҳои томактабӣ ба шумор меравад. Ҳарчанд дар давоми 5 соли охир 23 муассисаи ғайри мақсад истифодашаванда барқарор шуда бошад ҳам, ҳанӯз 23 муассисаи дигар ғайри мақсад истифода мегардад, ки монеа барои бештар фаро гирифтани кӯдакон гардидааст. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол 1, Конибодом 1, Бобоҷон Ғафуров 2, Спитамен 2, Исфара 2, Ашт 3, Хуҷанд 4, Гулистон 4 ва Зафаробод 4 муассиса ғайри мақсад истифода мегардад ва ё ба барқароршавӣ ниёз дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар самти таҳсилоти томактабӣ бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад, ин тибқи талабот ҷудо гардидани маблағ барои тарбиятгирандагон мебошад. Мутаассифона, аз таҳлилҳо бар меояд, ки танҳо дар шаҳри Бӯстон маблағ тибқи талабот ҷудо гардида, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Гулистон, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров 20-50 дирам барои се вақт хӯрок ҷудо гардад, дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ умуман маблағ ҷудо намегардад. Маҳз ин сабаб гардидааст, ки танҳо аз ҳисоби маблағҳои падару модарон ғизо дода мешавад, ки нокифоя мебошад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки барои низоми таҳсилоти томактабӣ ҳалталаб боқӣ мемонад, ин бо кадрҳои ихтисосманд таъмин набудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак мебошад.
Аз таҳлилхо бар меояд, ки аз 4504 нафар мутахассиси соҳаи томактабӣ 1424 нафар ё 31,7 % дорои маълумоти миёнаи умумӣ мебошад. Ин нишондиҳанда бештар ба шаҳру ноҳияҳои Ҷ. Расулов 82 ва Ашт 52 нафар рост меояд.
Масъалаи дигаре, ки ҳангоми санҷиш ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳо мебошад. Дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои томактабӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии қисме аз шаҳру ноҳияҳо тадбирандешӣ шудааст. Аз ҷумла, дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (№1, 3, 16, 28, 35), Бӯстон (№4), Гулистон (№1, 3), Бобоҷон Ғафуров (№1, 8, 5, 14, 19), Спитамен (№7, 17), Ҷаббор Расулов (№4, 6), Исфара (№20, 31) ҳолати катҳои хоб ва ҷевонҳо барои либоси кӯдакон харидорӣ шудааст. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Конибодом, Мастчоҳ ба ин масъала бояд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. 
Мушкилоти дигаре, ки дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба назар мерасад, риоя нагардидани талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба синну сол ҷойгир намудани кӯдакон дар гурӯҳҳои омодагӣ ва мактаб мебошад. Яъне, дар баробари хонандагони синни 7-сола кӯдакони 5-6-сола низ фаро гирифта шуда, дар оянда даъвои ба синфи якум рафтанро пеш меоранд ва ин ҳолат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мушоҳида гардид.
Яке аз талаботҳои дигари Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риоя намегардад, аз меъёр зиёд будани кӯдакон дар гурӯҳҳо мебошад. Ин боиси он гардидааст, ки катҳо хилофи меъёрҳои мавҷуда гузошта шудааст. Назорати дохилимуассисавӣ низ дар кӯдакистонҳо ба роҳ монда шуда бошад ҳам, беҳбудиро металабад. Зеро яке аз масъалаҳои асосӣ иштироки мудирон ва сармураббиён дар машғулиятҳо буда, дар ҳар шаҳру ноҳия ба истиснои 2-3 муассиса дар дигар муассисаҳо иҷро нагардидааст.
Коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ аз вазифаҳои дигари роҳбарияти муассисаҳои таълимии томактабӣ буда, ба таври зарурӣ риоя намегардад. Ба истиснои муассисаҳои шаҳри Хуҷанд, ки бо идораи бойгонии вилоят мувофиқа гардидааст, дар дигар шаҳру ноҳияҳо феҳристи ягонаи асноди меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд нест ва ё бо низоми муайян коргузорӣ намегардад.
Аммо ин ҳолат дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №11-и шаҳри Конибодом, № 13 ва № 25-и шаҳри Исфара ва № 5-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба назар намерасад ва хилофи зебопарастии кӯдакон аст. Дар муассисаи № 5-и ноҳияи Ҷаббор Расулов атрофи кӯдакистон панҷарабандӣ карда нашудаааст. Ҳол он, ки муассисаҳои давлатӣ бояд маҳдуд бошанд. Гарчанде давраи солимгардонӣ наздик шуда бошанд ҳам, кӯдакистонҳои дар боло зикршуда, барои гузаронидани мавсими солимгардонӣ омода нестанд. Бинои асосии кӯдакистонҳои мазкур ба таъмири куллӣ ниёз дошта, аз соли оғози фаъолияташон то ба имрӯз аз таъмири асосӣ бароварда нашудаанд. Дар кӯдакистонҳои № 11-и шаҳри Конибодом ва № 25-и шаҳри Исфара, №5-и Ҷ.Расулов мизу курсиҳо ба синну соли кӯдакони томактабӣ мувофиқат намекунад. Дар рафти машғулияти расмкашӣ муайян гардид, мизе, ки барои 4 кӯдак муқаррар карда шудааст, дар кӯдакистонҳои мазкур 8 - нафар кӯдак истифода мебаранд, ки ин барои беҳтар шудани таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад.
Таҳсилоти умумӣ яке аз зинаҳои асосии таҳсилот буда, давраи ташаккулёбии кӯдакону наврасон маҳсуб меёбад ва ҷиҳати рушди ин зинаи таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 944 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579 ҳазору 504 хонанда, аз ҷумла 283 ҳазору 544 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 6 муассисаи таълимӣ ва шумораи хонандагон 14 ҳазору 273 нафар зиёд мебошад. 
Гарчанде дар вилоят 64 муассисаи типи нав фаъолият намояд ҳам, нишондиҳандаҳои на ҳамаи онҳо тибқи талабот мебошад, ки иштироки онҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ин дарак медиҳад. 
Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди истеъдоди онҳо бояд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят муассисаҳои таълимии типи нав таъсис дода шавад ва ин масъала дар шаҳри Истиқлол ҳалношуда боқӣ мондааст. 
Дар вилоят 31 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ (хусусӣ) фаъолият менамояд. Аз ҷумла, 27 муассиса ба шаҳру ноҳияҳои санҷидашудаи Хуҷанд (15), Бӯстон (3), Бобоҷон Ғафуров (5), Спитамен (2), Исфара (2), Ашт (1) ва Конибодом (1) рост меояд.
Санҷиш нишон дод, ки талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Конибодом, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Ашт умуман иҷро нагардид, ки аз фаъолияти сусти масъулин дар самти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ гувоҳӣ медиҳад. 
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 579 504 хонанда, аз ҷумла 283 544 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Соли таҳсили 2020-2021 зинаи таҳсилоти умумии асосиро 42555 нафар (20815 духтар) хатм намуда, 34 575 нафар, аз ҷумла 17344 духтар дар зинаи сеюм таҳсилро идома дода истодаанд, ки таносубан 81,2 ва 83,3%-ро ташкил медиҳад. Бо назардошти қабули хатмкунандагони синфи 9 ба литсею коллеҷҳо ин нишондиҳанда ба 89,8%, аз ҷумла, духтарон 89,9% баробар аст.
Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки фарогирӣ ба зинаи сеюми таҳсил дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол 49,5% ва Мастчоҳ 68,8%-ро ташвишовар мебошад. 
Бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 23 ҳазору 948 омӯзгор (18668 зан) фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 20679 нафар (15843 зан) дорои таҳсилоти олӣ ва 3269 нафар (2825 зан) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.
Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд 1099 нафар мутахассиси ҷавон тибқи роҳхат фиристода шуда, 845 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд, ки 76,8%-ро ташкил медиҳад. Илова бар ин, зиёда аз 635 нафар мутахассиси ҷавон аз ҳисоби муҳассилини гурӯҳҳои ғоибона ва шартномавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Аз шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда норасоии кадрҳои омӯзгорӣ танҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ 12 нафар ба қайд гирифта шудааст. 
Ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара тибқи талабот набуда, сабаби асосии ҳозир нашудан дар баробари сабабҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин нагардидани имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Ҳарчанд, ба 67 нафар мутахассиси ҷавон қарзҳои имтиёзнок ва ба 22 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда бошад ҳам, ин фоизи ниҳоят паст мебошад. Ба истиснои шаҳри Хуҷанд (2 нафар), Исфара (1 нафар) ва ноҳияи Ашт (17 нафар) дар дигар шаҳру ноҳияи санҷидашуда ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, замини полезкорӣ ва боғдорӣ дода нашудааст.
Соли таҳсили 2020-2021 34423 хонанда муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоятро хатм намудааст. Бо назардошти хатмкунандагони солҳои пешин 20057 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ, 284 нафар тариқи квотаи президентӣ, 1575 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 102 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи дур дохил шудаанд. Дар умум, соли таҳсили 2021-2022 шумораи дохилшудагон ба муассисаҳои олии касбии дохилу хориҷи кишвар аз вилояти Суғд 22 018 нафарро ташкил дода, ба 63,9% баробар мебошад.
Соли 2021 барои вилояти Суғд 288 квотаи президентӣ (146 ҷой барои писарон ва 142 ҷой барои духтарон) муқаррар карда шуд. Аз ин шумораи 284 нафар (146 писар ва 138 духтар) ғолиби озмун дониста шуда, ба муассисаҳои тасилоти олӣ дохил шуданд. Мутаассифона, як квотаи барои шаҳри Конибодом ва 3 квотаи ба шаҳри Истиқлол ҷудогардида аз сабаби пайдо нагардидани довталаб иҷро нагардид. 
Натиҷаи ҷамъбасти чоряки сеюм нишон дод, ки аз 500 306 нафар шумораи умумии хонандагони синфҳои 2-11 ҳамагӣ 499 275 нафар баҳо гирифтанд. Аз ҷумла бо баҳои “5” -75 051 нафар, бо баҳои “4”- 171 019 нафар, бо баҳои “32 - 252 329 нафар ва бо баҳои “2”-876 нафар хонандагон чоряки сеюмро ҷамъбаст намудаанд.
Сатҳу сифати таҳсилот 49,3% ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо 99,8%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда сифати таҳсилот 30,4% ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо 72,1%-ро ташкил дода, дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Истиқлол ва Ҷаббор Расулов нисбатан паст мебошад. 
Дастовардҳои хонандагони шаҳру ноҳияҳои санҷидашудаи вилояти Суғд дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ назаррас буда, дар соли 2021 соҳиби 414 ҷойи ифтихорӣ гардида, дар маҷмуъ, вилоят пас аз шаҳри Душанбе дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Дар ин самт дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара (100 ҷой), Хуҷанд (85 ҷой), Бобоҷон Ғафуров (69), Спитамен (45), Конибодом (30) боиси қайд буда, дар баробари ин, фаъолияти мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони марказҳои рушди истеъдодҳои шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон беҳбудиро мехоҳад.
Дар соли 2022 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони синфи 11 (13 фанҳои таълимӣ) 265 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои санҷидашудаи вилоят ва мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон иштирок намуда, 119 нафар ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд. 
Дар олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Мастчоҳ бештар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд. Аз ҷумла, шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара ба гирифтани 23 (5 ҷойи 1, 9 ҷойи 2, 9 ҷойи 3), шаҳри Хуҷанд 20 (2 ҷойи 1, 6 ҷойи 2, 12 ҷойи 3), ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 (7 ҷойи 2, 11 ҷойи 3), ноҳияи Спитамен 13 (2 ҷойи 1, 4 ҷойи 2, 7 ҷойи 3) ва ноҳияи Мастчоҳ 10 (3 ҷойи 2, 8 ҷойи 3) ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд. 
Даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ барои хонандагони синфи 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ ҷамъбаст гардида, аз рӯйи натиҷаҳо дастаи олимпии вилояти Суғд дар ҷойи дуюм қарор дорад. 
Дар Олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара (43 ҷой), Бобоҷон Ғафуров (34 ҷой), Хуҷанд (22 ҷой), Конибодом (15 ҷой) ва Спитамен (14 ҷой) бештари ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” аз 29.09.2017, №443 соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимии шаҳру ноҳияҳои санҷидашудаи вилоят бояд 1943 компютер ва 146 тахтаи электронӣ харидорӣ менамуданд. Аммо давоми соли семоҳаи аввали 2022 217 компютер ва 47 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуд, ки таносубан 11,1 ва 21,6% нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки ба истиснои шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон нақшаи харидорӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда иҷро нагардид.
Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 1133 синфхонаи компютерӣ, 20 194 компютер, 2928 адад принтер, 1074 проектор мавҷуд буда, 748 тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд. 
Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар соли 2021 дар вилояти Суғд аз 713 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ 293 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ харидорӣ шудааст, ки 41,1%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда Хуҷанд 114%, Конибодом 86,2%, Гулистон 83%, Бобоҷон Ғафуров 62,5%, Ашт 39,6%, Истиқлол 33,3%% Исфара 31%, Мастчоҳ 20%, Спитамен 16% иҷрои нақшаро таъмин намуда, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Ҷаббор Расулов харидорӣ нагардидааст. 
Соли 2021 дар вилоят 53 иншооти соҳаи маориф бо 10 ҳазору 730 ҷойи нишаст, аз он ҷумла 330 синфхонаи иловагӣ дар назди 39 муассисаи таълимӣ бо 9 ҳазору 70 ҷойи нишаст, 9 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла, дар ноҳияи Б.Ғафуров-4, шаҳри Истаравшан-1, шаҳри Хуҷанд-3, шаҳри Исфара-1 муассиса) бо 1660 ҷой ба истифода дода шуд.
Аз ин миқдор 15 бинои муассисаи таълимии нав бо 5 990 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.
Дар соли 2021 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону шахсони эҳсонкор ва суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимӣ 8318 ҷуфт мизу курсӣ харидорӣ гардида, эҳтиёҷоти муассисаҳо барои мизу курсӣ дар соли таҳсили 2021-2022 ба 13 158 ҷуфт боқӣ мондааст.
Ҳарчанд ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз тарафи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатӣ, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва раисони маҳаллаҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуда ва иқдоми мазкур идома дошта бошад ҳам, то ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 8 муассисаи таълимии себаста фаъолият дошта, дар он 7122 хонанда (3540 духтар) таҳсил карда истодааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муассисаҳои таълимии №№ 15, 17, 21 бо фарогирии 3307 хонанда (1681 духтар) ба қайд гирифта шудааст.
Дар рафти муҳокимаю баррасии масъалаҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмии нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва технологияи муосир, дастрасии ҳатмию саривақтии имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон, истифодаи мақсадноки биноҳои таълимию заминҳои наздимуассисавӣ, сари вақт аз курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон, ҷалби хонандагон ба марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳою марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, бо истифода аз иштироки муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм Р.Саидзода даъват ба амал овард, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, тадбирҳои саривақтию мушаххас роҳандозӣ карда шавад.
Дар охир ба сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашти вилояти Суғд дастур дода шуд, ки проблемаву мушкилот ва камбудиҳои зимни санҷиш аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ошкоргардида дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда шуда, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот манзур карда шавад.
Эҳсони ХУШБАХТ