БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАСТШӮӢ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРӢ БО ТАҶҲИЗОТИ ЗАРУРИИ САНИТАРӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

15-10-2020
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ - Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид  дар 45 муассисаи таълимии 19 шаҳру ноҳияи кишвар – Душанбе, Айнӣ, Ҷ.Расулов, Спитамен, Конибодом, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Нуробод, Сангвор, Лахш, Рашт, Норак,  Вахш, Хуросон, Данғара, Кӯлоб, Муминобод, Ҳамадонӣ ва Темурмалик инфрасохтори зарурӣ вобаста ба таъмини об, беҳдошт ва санитарияро бунёд ва барқарор намуд, ки зиёда аз 42000 кӯдакро (аз ҷумла, 20422 нафар духтар ва 235 кӯдакони дорои маъюбият) ба дастрасӣ бо об, санитария ва иншооти асосӣ барои беҳдошти саломатӣ таъмин менамояд. Чунин иншоот қисми калидии фаъолияти бехатарии муассисаҳои таълимӣ дар давраи пандемияи COVID-19 мебошанд.  
Дар доираи корҳои анҷомдодашуда муассисаҳои таълимӣ бо шабакаҳои обрасонӣ пайваст ва дар бархе аз муассисаҳо обанборҳо барои нигоҳ доштани об сохта шудаанд. Илова бар ин, ҳоҷатхонаҳои нави ҷамъиятии барои шахсони маъюбиятдошта дастрас сохта ва ба истифода дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷаҳонии дастшӯӣ дар саросари ҷаҳон 15 октябр ҷашн гирифта мешавад ва мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиш оид ба аҳамияти дастшӯӣ барои саломатӣ муҳим ва ҳатмӣ арзёбӣ мегардад.
Пандемияи COVID-19 водор намуд, ки ба дастшӯӣ аҳамият дода шавад ва яке аз роҳҳои самараноки пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ, хусусан шӯстани дастҳо бо собун мебошад. Инчунин, ҷиҳати ғолиб омадан ба пандемияи COVID-19 ва таъмини саломатии бехатар шӯстани дастҳо бо собун самти афзалиятнок дар давом ва баъди пандемия боқӣ мемонад.