БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

31-05-2024
31-уми майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти раёсати раиси Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак: дастовардҳо ва қадамҳои оянда” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эри Двиведӣ, намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ, ҳудуди сад нафар намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, олимон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Сараввал, зимни сухани ифтитоҳӣ Дилрабо Мансурӣ оид ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати кӯдакон ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудааст, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак амалӣ менамояд.
Дар идомаи қисмати ифтитоҳӣ вазири маориф ва илм, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокчиён суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда шуда, дар вазорату идораҳои дахлдор сохторҳои алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудааст. Инчунин дар ин самт Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста фаъолият мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва махсусан дастрасии онҳо ба таҳсил аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, зеро маърифатнокӣ омили асосии амалисозии дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти умумии асосии ройгон ва ҳатмӣ ҷорӣ шудааст.
Сипас, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Нигина, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид бо ҳуқуқи кӯдак Бобоҷонзода Миҷгона, роҳбари барнома оид ба бехатарӣ, пешгирии зӯроварӣ ва осеби Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҷонатан Пассморе, роҳбари бахши ҳифзи кӯдаки Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Руслана Сирман, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии Ҳамсоягии неки Тоҷикистон Фароғат Мирзоева ва дигар шарикони рушд доир ба мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак: дастовардҳо ва қадамҳои оянда” суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки конференсияи мазкур дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти манъи қонунии ҳама гуна зӯроварӣ нисбати кӯдакон фаро мегирад. Ин як қадами муҳим дар роҳи хотима додан ба ин амали зараровар ва таъмини некӯаҳволии кӯдакон аст, аммо барои таъмини татбиқи амалии он бояд корҳои бештар анҷом дода шаванд, аз ҷумла кор бо волидон ва парасторон оид ба беҳтар намудани малакаҳои мусбии волидайнӣ, дастгирии кӯдакон ва оилаҳо барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон.
Дар охири кори конференсия вобаста ба натиҷаҳои бадастомада эъломия қабул гардид.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур дар якҷоягии Комиссияи миллии ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ, Ҳукумати Швейтсария ва дигар шарикони рушд баргузор гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон