БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ДОНИШ, ИЛМ ВА ФАНОВАРӢ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶАҲОНИ МУОСИР» ДОИР ГАРДИД

15-04-2020
Бо ибтикори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Дониш, илм ва фановарӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир» доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якуми вазир, сардорони раёсату шаъбаи вазорат, ноибони ректор оид ба илм ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат намуданд. 
Чорабиниро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба Рӯзи илми тоҷик табрику таҳният намуд. Инчунин, дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ зикр гардид, ки татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия тибқи талаботи ҷаҳони муосир ва иқтисодиёти миллии кишвар ба роҳ монда шуда, таъмини соҳаҳои иқтисоду иҷтимоии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ, пайванди натиҷаҳои илм бо истеҳсолот, ҳамоҳангсозии корҳои навовариву ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ дастгирии нерӯи илмию таҳқиқотчиён самти афзалиятнок дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дониста шудааст.
Масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, як мавзӯи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва талошҳои рӯзафзунашон имконият фароҳам оварданд, ки дар давоми чанд соли охир як қатор мушкилоти соҳаи илму маориф роҳи ҳалли худро пайдо намуда, заминаи муҳиме барои пешрафти соҳа муҳайё гардад.
Таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар Паём ва вохӯриашон бо аҳли зиё ва маърифат, эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, идомаи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, табдили Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи корҳоеанд, ки минбаъд идома меёбанд, ки дар пешрафти илм ва фановарӣ дастури саривақтӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар идомаи конфронс Носир Сайдализода-сардори раёсати илм ва инноватсияи вазорат дар мавзӯи “Неруҳои зеҳнӣ”, Юнусӣ Маҳмадюсуф-профессори ДМТ дар мавзӯи “Монандӣ ва муқоисаи моделҳои воқеии дунёи тағйирёбанда”, Аҳмадҷон Раҳмонзода-сардори раёсати илм ва инноватсияи ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи “Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ-асоси саноатикунонии босуръати кишвар”, Маҳмудхон Убайдов-ходими пешбари илми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф дар мавзӯи “Омилҳои асосии донишандӯзии хонандагон ва ҷаҳони муосир” ва Гавҳар Саидмуродова-мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакони ДДТТ ба номи А.Сино дар мавзӯи “Протоколи клиникии ташхис ва табобати сирояти коронавирусӣ дар кӯдакон” маърӯза намуданд.
Дар охир ба як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат, муовинони ректор оид ба илм ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои саҳми арзанда дар рушди илми тоҷик ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Федератсияи иттифоқҳои касаба ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм тақдим карда шуд.