БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК ТАҲТИ УНВОНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

14-04-2021
 
14-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати мароиф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор гардид, ки дар он  Муҳаммаддовуд Саломиён  - муовини якуми вазири маориф ва илм, Маликшо Неъматзода – раиси Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Рамазон Одиназода – раиси  Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишвар иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳии конфронс М. Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Неъматзода – раиси Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Р. Одиназода – раиси  Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм сухан намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки маҳз бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни ҷомеа, махсусан, илму маориф ба дастовардҳои беназир ноил гардид.
Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат”, таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ, пайваста зиёд намудани стипендияҳо, мустаҳкам намудани баззаи моддии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои олӣ барои олимон аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки маҳз ба хотири рушди соҳаи илм ва маориф роҳандозӣ гардидаанд.
Сипас, Н. Сайдализода – сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм дар мавзӯӣ «Омодакунии кадрҳои илмӣ: мушкилот, рушд ва дурнамо» ва М.Ҳусейнзода – дотсенти кафедраи истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи «Истифодаи наноматериалҳо, дастгоҳҳо ва системаҳои техникӣ дар рушди саноаткунии кишвар» маърӯза намуданд.
Ҳамчунин, дар рафти конфронс зикр гардид, ки масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, яке аз мавзӯъҳои муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020 таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар анҷоми конфронс бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ба як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олию илмии кишвар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» –и Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тақдим гардид.
Мавзунахон Убайдуллоева