БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК БА 30 НАФАР ЖУРНАЛИСТ МУКОФОТҲОИ СОҲАВӢ ТАҚДИМ ГАРДИД 

11-03-2022
11-уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода,  вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, намояндагони вазорату кумитаҳо, сармуҳарирони рӯзномаву маҷалла, директорони радиову телевизионҳои мамлакат ва дигар намояндагони ташкилоту идора ва муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Баъд аз суханронии намояндагон ба як зумра рӯзноманигорон унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», сипосномаҳо ва ба расонаҳои иттилоотӣ диплому ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.
Дар ин замина, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри мақолаҳо, таҳияи барномаву гузоришҳои телевизионию радиоӣ, инъикос намудани дастоварду муваффақият ва мушкилоти соҳаи маориф дар воситаҳои ахбори омма ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, бахшида ба Рӯзи матбуот як қатор кормандони соҳаи матбуот бо мукофотҳои соҳавии вазорат сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, Ализода Ҳуриниссо - раиси Шӯрои васоити ахбори омма, Шамсиддинзода Субҳиддин - муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Шодихони Назар – сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ - сармуҳаррири нашрияи “Фараж”, Достиев Сайфудин - сармуҳаррири нашрияи “СССР”, Ҷумъазода Фирӯз - сардори шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Салимов Бузургмеҳр - сармутахассиси шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Абдуғаффоров Мансур - сардори раёсати котиботи рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Эгамбердиев Донохон - хабарнигори ҳафтаномаи “Халқ овози”, Муродов Абдумаҷид - мудири шуъбаи рӯзномаи “Садои мардум”, Раҳмонов Абдураҳмон - хабарнигори агентии иттилоотии “Авеста”, Иршод Сулаймонӣ - муҳаррири бахши тоҷикии агентии иттилоотии “Азия-плюс”, Шарофуддинзода Дилшод - журналисти Телевизиони Тоҷикистон, Раҳимова Саидахон - журналисти телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Сафархонова Бунафша - муҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии Радиои Тоҷикистон бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон» ва Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ - директори Академияи воситаҳои ахбори омма, Шарипов Хуршед - ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Холмуродов Беҳрӯз - котиби масъули рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Атобуллоев Шариф - хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум”, Сафаров Наврӯз - муҳаррири барномаҳои иттилоотӣ -таҳлилии телевизиони “Сафина”, Мирзоев Мавлон - муҳаррири варзидаи идораи иттилоотии телевизиони “Баҳористон”, Алишер Толиб - муҳаррири оҷонсии иттилоотии “Суғднюс”, Ҳусейнова Ҷамила - муҳаррири ҳафтаномаи “СССР”, Муҳаммадиев Шавкат - журналисти Телевизиони Тоҷикистон, Нурзода Рухсора - муовини директори АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф - хабарнигори АМИТ “Ховар”, Ниёзов Усмон - муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, Фахриддини Холбек - хабарнигори агентии иттилоотии “Спутник-Тоҷикистон”, Шарифова Маърифат - муҳаррири идораи таҳлилии Радиои Тоҷикистон, Хуршед Буриев - муҳаррири  радиои “Садои Душанбе” бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. 
Ёдовар мешавем, ки аввалин маҷалла дар кишвар, ки ҳанӯз соли 1926 нашр шуда буд, маҳз маҷаллаи соҳаи маориф буд, ки сармуҳарририи онро аввалин вазири маориф Аббос Алиев ба ӯҳда дошт. Ҳамзамон, боиси ифтихори мо-кормандони соҳаи маориф аст, ки аввалин рӯзномаву маҷаллаҳои бо забони тоҷикӣ таъсисёфтаро роҳбарони вақти Вазорати маориф ба зимма доштанд. 
Имрӯзҳо дар сохтори вазорат чандин нашрияҳою муассисаҳои ноширӣ ва дар аксари муассисаҳои зертобеъ ва муассисаҳои таълимӣ рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ фаъолият менамоянд, ки хизмати онҳо низ дар рушди соҳаи маориф ва илм назаррас аст.
Ин нукта ҳам боиси қайд аст, ки Вазорати маориф ва илм бо ҳама гуна васоити ахбори омма ҳамкории густурда дорад. Умедворем, ин ҳамкорӣ минбаъд ҳам дар фазои якдигарфаҳмӣ вусъат ёфтаву содиқона идома меёбад. 
Бахтовар Сафаров