БАИСТИФОДАДИҲИИ ХОБГОҲИ ИНТЕРНАТИ НАЗДИМАКТАБИИ ШАҲРИ РОҒУН

17-10-2023
17 октябри соли ҷорӣ хобгоҳи интернати наздимактабии шаҳри Роғун ба номи Давлатзода Саида бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон, раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ва дигар шахсони расмӣ ба истифода дода шуд.
Зимни иштирок ва суханронӣ дар маросими мазкур вазири маориф ва илм қайд намуд, ки имрӯзҳо бо шарофати Истиқлол ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад, ки далели рушди соҳаи маориф ва илми кишвар аст. Муҳассилинро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахассиони варзида шаванд, то тавонанд дар рушди кишвари азизамон саҳми худро гузоранд.
Дар рафти ба истифода додани хобгоҳи интернати наздимактабии шаҳри Роғун иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳи мазкур ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Давлатзода Шерзод барои 112 нафар тарбиятгиранда сохта шуда, он аз 2 ошёна иборат аст. Хобгоҳ дорои 14 ҳуҷраи хоб, 2 синфхонаи дарстайёркунӣ, 1 китобхона бо толори китобхонӣ, 1 ошхона барои 60 нафар, толори варзишӣ, 4 анбор, маҷлисгоҳ бо 140 ҷои нишаст, майдончаи варзишӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш ва дегхонаи буғӣ мебошад.
Раҳим Саидзода бо шарту шароити зисти таълимгирандагон дар хобгоҳ шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод ва ба тарбиятгирандагон дар таълиму тарбия муваффақият орзу намуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон